«Китоб — чароғи дониш» — маҳфили адабӣ бо хонандагон
ДУШАНБЕ, 15.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар маҳфили адабӣ таҳти унвони «Китоб- чароғи дониш» баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар маҳфил хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии № 25, 35, 17 ва Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ иштирок доштанд. Тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ бо барномаи рангину ҷолиб фаъолтарин иштирокчиёни маҳфил буданд. Барномаи ҳаваскорон иборат аз шеъру суруд ва гуфторҳои бузургон дар васфи китоб, Ватан ва модар буд.
Роҳбари бахши адабиёти кӯдаконаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Азизи Азиз ва адиби шинохта Маҷиди Салим ба хонандагон аз осори тозаэҷоди худ шеърҳо қироат намуданд.








Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд






