Кормандони ҷавони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Ҷопон таҷриба меандӯзанд
ДУШАНБЕ, 03.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз, 3 феврал дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии муовини якуми вазир Эмин Сангинзода бо мушовири Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камада баргузор гардид.
Тавре ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории муштарак дар самти таҷрибаомўзии кормандони ҷавони вазорат дар Ҷопон, таҳия ва тарҳрезӣ намудани Барномаи мушаххаси махзани ягонаи иттилоотии электронӣ оид ба шартномаҳои меҳнатии басташуда байни корфармо ва коргар ва дигар масъалаҳои марбут ба салоҳияти вазоратро баррасӣ намуданд.
Тасмим гирифта шуд, ки намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JIСA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулини марбутаи вазорат корҳоро дар ин самт ба роҳ монад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






