«Корвони маърифат» ба Хуросон расид
ҚӮРҒОНТЕППА, 03.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ дода будем, дар Хатлон бахшида ба 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаҳои фарҳангӣ оғоз ёфтанд, Дар доираи баргузории ин тадбирҳо роҳбаладони «Корвони маърифат» иборат аз намояндагони соҳаҳои илм, тандурустӣ, фарҳанг, шуъбаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят имрӯз, 3 феврал вохӯриҳоро дар ноҳияи Хуросон оғоз карданд. Ба вохӯрию суҳбатҳо асосан ҷавонон ва фаъолони ҷамоату деҳаҳои дурдаст ҷалб мегарданд.
Худи ҳамин рӯз муовини Раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ва раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода дар мулоқот бо ҷавонон ва фаъолони ноҳия иштирок намуда, бо онҳо суҳбати пурмуҳтаво карданд.
«Корвони маърифат» бо қарори Раиси вилояти Хатлон таъсис дода шуда, барномаҳои оммавӣ-маърифатии он то таҷлили 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ идома меёбанд.













Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






