Кумитаи забон ва истилоҳот ба санҷиш баромад
ДУШАНБЕ, 13.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз, 13 феврал то 1 марти соли равон бо мақсади татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар як қатор корхонаву муассисаҳои пойтахт, ки ба истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ машғул мебошанд, санҷиш мегузаронад.
Тавре ки Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, санҷиш дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва банди 9-и Низомномаи Кумита сурат гирифта, тӯли як ҳафта гурӯҳи кории Кумита фаъолияти Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ, КВД кино ва видеои «Тоҷиккино», ҶДММ «Тоҷикдиёр», «Саносинема», «Нурангез», «Адам», «Дарвозфилм», «Суҳайлсинамо», «Ҳамсадо», студияи «Амирӣ-медиа», студияи аудиовизуалии «Истиқлол» ва Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи техникии Тоҷикистон» ва дигар студияҳои хурдро мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Ба иттилои Гавҳар Шарофзода, ҳамзамон чунин санҷишҳо дар 17 бозори шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






