Маҳфили ёдбуд: «Кардаст баҳри мардум сад ҷон фидо Саюмарс…»
ДУШАБЕ, 23.02.2017 /АМИТ«Ховар»/. Дар Вазорати корҳои дохилӣ 22 феврал маҳфили ёдбуд бахшида ба гиромидошти хотираи корманди ҷонфидои мақомоти корҳои дохилӣ, старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Абдураҳим Қаҳҳоров ҳамдардӣ ва тасаллияти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба падару модари Саюмарс Гулмадов изҳор намуда, зикр кард, ки корнамоии корманди Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб, старшинаи милитсия Гулмадов Саюмарс Аскарович намунаи садоқату матонат ба Ватан, миллат ва давлат буда, хотираи неки ӯ ҳамеша пос дошта мешавад.
Бо Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Саюмарс Гулмадов пас аз марг бо мукофоти давлатӣ-медали «Ҷасорат» сарфароз гардонида шуда, Абдураҳим Қаҳҳоров мукофоти давлатиро ба падари Саюмарс — Аскар Гулмадов супорид.
Ҳамчунин барои зоҳир намудани ҷасурию далерӣ, матонату шуҷоат ва ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон корманди Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб сержанти калон Алишер Раҳимзода бо мукофоти давлатӣ- медали «Ҷасорат» қадршиносӣ гардид.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба падару модар ва наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, зикр намуд, ки корнамоӣ ва ҷасорату мардонагии старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов дар он лаҳзаҳои душвор ба нафароне, ки ба кумаку дастгирии дигарон ниёз доштанд, беҳтарин нишони олии садоқат ба вазифа, эҳтиром ба касб ва ҳаёт ва саломатии одамон ба ҳисоб меравад. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якчанд соли охир дар мушкилтарин лаҳзаву соатҳо, алалхусус ҳолатҳои фавқулода, дар рафъи ҳодисаҳои табиӣ, аз қабили сӯхтор, фаромадани тарма, обхезӣ, ки дар фаслҳои зимистону баҳор барои мардум мушкилиро пеш меоранд, дар сафи пеш бо мардуманд. Онҳо дар баробари ҳифзи молу ашё ва дороии шаҳрвандон, ҷони худро ба хатар гузошта, ҳаёти дигаронро аз марг наҷот доданд.
Дар идомаи маҳфили ёдбуд бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони мақомоти корҳои дохилие, ки зимни бартарафкунии оқибатҳои лағжиши тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок хизмат кардаанд, бо раҳматнома ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд.










Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад






