«Ман писари Ватанам!» — озмуни расми беҳтарин дар ноҳияи Деваштич
ДУШАНБЕ, 23.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои таълимии томактабии №1, 2 ва 3-и ноҳияи Деваштич бо ташаббуси ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бахшида ба таҷлили Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни расми беҳтарин таҳти унвони «Ман писари Ватанам!» байни кӯдакон баргузор гардид. Дар ин бора аз бахши таблиғоту иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ташкили озмун метавонад баҳри таълиму тарбияи насли наврас ва дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани кӯдакон мусоидат намояд.
Дар озмуни расмкашӣ ҳамаи кӯдакон рамзҳои давлатӣ, парчаму нишон, манзараҳои зебову гуногун, расмҳои ба Артиши миллӣ хосро аз нигоҳи кӯдакона тасвир карданд.











Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






