Мавсими нави театрии Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппа бо «Наврасии Мушфиқӣ» оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа бо дастгириии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мавсими нави театриро бо нахустнамоиши асари Темур Зулфиқоров «Наврасии Мушфиқӣ» оғоз намуданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд, намоишномаи мазкурро беш аз 600 нафар кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва сокинони шаҳри Қӯрғонтепа тамошо карданд.
Намоиши «Наврасии Мушфиқӣ» аз ҷониби таҳиягари намоиш Нигина Раҷабова ва ёвари коргардон Бахтиёр Абдуллоев таҳия шуда, бо маҳорати баланди касбӣ аз тарафи ҳунармандони театр пеншкаши тамошобинон гардонида шуд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Раиси вилояти Хатлон ба аҳли ҳунар барои пешниҳоди чунин намоиши ҷолибу хотирмон изҳори сипос карда, ба онҳо дар ҷодаи ҳунар комёбӣ таманно намуд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






