Мулоқоти Азим Иброҳим бо Сафири Венгрия
ДУШАНБЕ, 04.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 3 феврали соли 2017 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Венгрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андраш Барани мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Венгрия баррасӣ гардида, ҳавасмандии ҳар ду ҷониб барои густариши минбаъдаи онҳо иброз карда шуд. Дар ин замина зикр шуд, ки имсол ба оғози муносибатҳои дипломатии ду кишвар 25 сол пур мешавад ва имкониятҳо барои рушду тавсеаи ҳамкориҳо ҳанўз хеле зиёданд, ки аз онҳо бояд хуб истифода намуд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Венгрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андраш Барани ба Азим Иброҳим санадҳои ниҳоии Саммити оби Будапештро, ки 29 ноябри соли 2016 дар шаҳри Будапешт баргузор гардида буд, манзур намуда, аз иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати расмии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш арзи сипос кард.
Муовини Сарвазир аз қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба эълон доштани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст, ёдовар гашта, онро ҳамчун заминаи сиёсию ҳуқуқӣ барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла миёни ду кишвар дар соҳаи об арзёбӣ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин оид ба масъалаи қабули донишҷўёни тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои олии Венгрия, васеъ гардонидани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои тиҷоратии кишварҳо ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи созандаи афкор сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






