Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Сафири навтаъйини Афғонистон дар Олмон
ДУШАНБЕ, 15.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 14 феврали соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Олмон Алӣ Аҳмад Ҷалолӣ мулоқот намуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар оғози суҳбат Сафири Тоҷикистон Алӣ Аҳмад Ҷалолиро барои ба мансаби Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Олмон таъйин гардиданаш муборакбод намуда, ба ӯ муваффақият орзу кард.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ гардида, ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ табодули назари судманд сурат гирифт.
Суҳбат дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ сурат гирифт.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






