Нангу номуси ватандорӣ водор месозад, то сарбозон бо садоқату мардонагӣ бехатарии мамлакатро таъмин намоянд

Февраль 23, 2017 17:14

ДУШАНБЕ, 23.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дар отрядҳои сарҳадии «Турсунзода», «Ҳамадонӣ», «Хоруғ» ва «Панҷ»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомадҳои тантанавӣ доир гардиданд.
Дар ин бора Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомадҳо роҳбарият, собиқадорон, падару модарон ва меҳмонон сарбозону афсаронро бо Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ табрик намуда, ба хизмати содиқона баҳри ҳифзи марзу буми кишвари аҷдодӣ ҳидоят намуданд.
Собиқадори Артиши миллӣ, генерал-лейтенант Сайиданвар Камолов зикр намуд, ки боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳазорон ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланду ифтихори миллӣ сарбаландона адои хизмат мекунанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникӣ, таъмини воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо таҷҳизоту техникаи замонавии ҳарбӣ ва муҳимоти ҷангӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти самараноки онҳо мунтазам чораҷӯӣ карда, аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд. Дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат набояд фаромӯш кард, ки танҳо шахси воқеъан ватандӯст метавонанд дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии ватани худро таъмин созанд.
Сипас, сарбозону афсарон дар назди иштирокдорон озмунҳо ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ намоиш доданд. Ҳамчунин ҳунарпешагони театрҳои кишвар дар якҷоягӣ бо ансамблҳои ноҳиявӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Сарбози қаторӣ Хуршед Азимов, ки дар айни ҳол дар дидбонгоҳи сарҳадии «Меҳробод»-и Отряди сарҳадии Панҷ дар сафи Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмати Ватан-Модарро адо намуда истодааст, зикр намуд, ки имрӯз барои хизмати ҳарбӣ тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Ҳангоме, ки шахс бо либоси низомӣ, баҳри ҳимояи якпорчагии Ватан дар хати аввали сарҳад қарор мегирад, нангу номуси ватандорӣ ӯро водор месозад, бо садоқату мардонагӣ бехатарии мамлакатро таъмин намояд.
Алишер Усаров, сарбози қаторӣ, ки аз комиссариати ҳарбии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд моҳи октябри соли 2015 ба хизмат даъват гардидааст, мегӯяд: «Ман фахр мекунам, ки дар отряди сарҳадии «Панҷ» дар марзи Тоҷикистону Афғонистон қарзи фарзандии худро назди Ватан ба иҷро расонида истодаам. Мо, сарбозон тамоми нозукиҳои хизмати сарҳадро аз худ намуда, барои муҳофизати марзу буми Ватанамон ҳамаи кӯшишу ғайратамонро сарф менамоем, то Истиқлолияти миллӣ таъмин бошад».
Дигар сарбозону афсарон дар навбати худ иброз намуданд, ки номи сарбози ҳақиқиро сазовор гардида, намегузоранд, ки ягон душман ва ё шахси бадхоҳ вориди хоки муқаддаси Тоҷикистон шавад.

Февраль 23, 2017 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад