Неъматулло Ҳикматуллозода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 24.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. 22 феврали соли равон Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, ки таҳти роҳбарии хонум Кордула Растоҷӣ ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи «Стратегияи рушди лоиҳаҳои афзалиятдоштаи Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи нақлиёт», инчунин рушди минтақаҳо, навсозии роҳҳои оҳан ва мошингард, беҳсозии самтҳои логистикӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Дар вохӯрӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кордула Растоҷӣ, роҳбари ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳонӣ азми қавии худро ҷиҳати рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми самтҳои афзалиятнок миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баён доштанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






