Нигора Аминзода: «Порагирии муаллим амали нангин аст»
ДУШАНБЕ, 13.02.2017/АМИТ «Ховар»/. «Имрӯз коррупсия ба як масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст, ки ин ба рушди иқтисод ва зиндагии мардуми кишвар халали ҷиддӣ ворид мекунад. Моро лозим аст дар мубориза ба ин вабои аср муборизаи дастаҷамъона барем». Ин нукта зимни вохӯрии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода зикр гардид.
Таъкид шуд, ки фасод ҳамеша ва дар ҳама гуна сохторҳои ҷамъиятӣ ба рушди иқтисодиву сиёсии кишварҳо монеа эҷод намудааст, ки барои аз байн бурдани он ҳамеша мардум бо гурӯҳҳои махсуси коррупсионӣ мубориза мебаранд. Асоси ҳукуқии мубориза бо ин зуҳуроти хавфнок аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия маншаъ мегирад, ки 31 октябри соли 2003 қабул гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 ба ин ҳуҷҷати муҳим имзо гузошта, ба узвияти Конвенсияи СММ пазируфта шуд, ки ҳадафи он пешгирии ҷинояти коррупсионӣ ва аз байн бурдани он мебошад.
Нигора Аминзода -сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури устодон ва донишҷӯён оид ба амалҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф сухан карда, гуфт, ки барои муаллим гирифтани пора ва фасод амали нангин ба шумор меравад, зеро устод дар баробари таълим додан, ҳамзамон тарбиятгари шогирд аст. Даст задан ба ин амал дар тарбияи ахлоқии шогирдон низ бетаъсир намемонад. Нигора Аминзода ҳамчунон зикр кард, ки мутаассифона, 68 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ дар соҳаи маориф ба қайд гирифта шудаанд. Вай аз иштирокдорони нишаст даъват намуд, то дар кори пешгирӣ ва аз байн бурдани коррупсия ҳамкорӣ намуда, дар рушд ва пешрафти кишвари худ саҳмгузор бошанд.








Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид






