Тарофаҳои нав барои Суғд: интернети бештар бо нархи дастрас!

Ноябрь 13, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» махсус барои муштариёни вилояти Суғд силсилаи нави тарофавӣ ҷорӣ намуд. Дар доираи силсилаи «Аз ту оғоз мегардад» ба сокинони минтақа бастаҳои муфиди «Суғд 85», «Суғд 110» ва «Суғд 140» барои пайвасткунӣ дастрас гардиданд.

Силсилаи нав алтернативаи беҳтарин барои тарофаҳои қаблан мавҷуда гардид: ҳаҷми трафики интернети дастрас ва миқдори дақиқаҳои зангҳо ба шабакаҳои ҳама операторони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «МегаФон Тоҷикистон» зиёд карда шуд. Зангҳо дар дохили шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» ҳатто баъди тамомшавии бастаи асосии дақиқаҳо дастрас ва бемаҳдуд мемонанд. Чунин шартҳои муфид барои муштариёни вилояти Суғд танҳо дар ҳудуди минтақа амал менамоянд.

Бастаҳои нав инчунин якчанд имконияти иловагӣ доранд. Ҳамин тариқ, ҳангоми сари вақт пардохт намудани маблағи тарофа трафики асосии интернети истифоданашуда ба давраи нав гузаронида мешавад. Илова бар ин, муштариён метавонанд ҳангоми зарурат дақиқаҳоро ба мегабайтҳо иваз карда, хизматрасониҳои иловагӣ, аз ҷумла бастаҳои силсилаи «Одӣ» ва «БОЗ NEW»-ро пайваст намоянд.

Ба тарофаи «Суғд 85» бо нархи 85 сомонӣ  350 дақиқа ба ҳама шабакаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 Гб трафики асосӣ ва 30 Гб барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дохил мешаванд. Тавре иброз гардид, зангҳо дар дохили шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» дар тарофаҳои нав баъди тамомшавии бастаи дақиқаҳо ба ҳама шабакаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бемаҳдуд ва дастрас мемонанд.

Тарофаи «Суғд 110» аз 500 дақиқа ба ҳама шабакаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 Гб трафики асосӣ ва 50 Гб барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо иборат аст. Арзиш барои роҳати муштариён дар номи тарофа  дарҷ гардидааст – 110 сомонӣ.

Истифодабарандагони тарофаи «Суғд 140» 500 дақиқа ба ҳама шабакаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 40 Гб трафики интернети асосӣ ва 80 Гб-ро барои паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоии маъруф ба даст меоранд. Трафики алоҳида аз рӯи ҳар се тарофа барои истифодаи Viber, WhatsApp, Telegram, IMO, WeChat, Facebook Messenger, Instagram, VK, «Одноклассники», TikTok ва YouTube пешбинӣ гардидааст. Арзиши тарофа – 140 сомонӣ.

«Барои мо пешниҳоди маҳсулоти воқеан муфид ба муштариёни Суғд муҳим буд. Бастаҳои силсилаи «Аз ту оғоз мегардад» ба интизориҳои мубрами корбарон ҷавобгӯ мебошанд – ин ҳам ҳаҷмҳои зиёди интернет, ҳам озодии муошират ва ҳам нархҳои дастрас аст. Мо мизоҷони худро бодиққат гӯш карда, хизматрасониҳое таҳия менамоем, ки барояшон воқеан ҳам муҳиманд»,- гуфт директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Илдар Салихов.

Барои пайвст намудани бастаҳои силсилаи «Аз ту оғоз мегардад» сокинони вилояти Суғдро зарур аст, ки бо шиноснома ба идораи наздиктарини ширкати «МегаФон Тоҷикистон» муроҷиат намоянд. Суроғаи толори муносиби алоқаро дар минтақа дар сомонаи оператор пайдо намудан мумкин аст.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

 

Ноябрь 13, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад