Номаи миннатдории А. Казин ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 23.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи директори Донишкадаи таърихи фарҳанги Россия Александр Леонидович Казин номаи миннатдорӣ ворид гардид.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар матни номаи миннатдорӣ омадааст, ки Мурод Эшонқулов, корманди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов рисолаи номзадии худро таҳти унвони «Асбобҳои миллӣ дар системаи шашмақом» бомуваффақият ҳимоя намудааст, ки ин аввалин рисолаи номзадӣ дар мавзӯи мазкур дар Донишкадаи номбурда аст.
Мурод Эшонқулов баъд аз хатми мактаби миёна ба омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз дохил гардида, соли 1980 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсилашро идома додааст.
Номбурда фаъолияти эҷодии худро ба ҳайси танбӯрнавози шашмақом дар Ансамбли «Шашмақом»-и Кумитаии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, соли 1992 ба ҳайси омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ва аз соли 2003 ҳамчун омӯзгори калони кафедраи мутрибони анъанавии Консеваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов фаолият дорад.
Мурод Эшонқулов соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аспирантураро бо ҳимояи мавзӯи «Асбобҳои миллӣ дар системаи Шашмақом» хатм карда, рисолаи номзадии худро моҳи декабри соли 2016 дар Донишкдаи таърихи фарҳанги Россия ҳимоя кардааст.
Мавсуф муаллифи ду монография ва зиёда за 10 дастурамали нотавӣ барои донишҷӯён буда, аз иҷрои навозиши 10 асбоби мусиқии миллӣ мебарояд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






