Ҷон ба раҳи Ватан фидо ман накунам, кӣ мекунад?!

Февраль 23, 2017 17:35

ДУШАНБЕ, 23.02.2017./АМИТ «Ховар»/. Мисраи машҳури адиби хушкалом ва ватандӯст, Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоро унвони ин мақола интихоб кардани мо бесабаб нест. Имрӯз – рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, иди фарзандони далеру шуҷоъ ва содиқи  Ватан аст. Ва имрӯз бояд маҳз дар боби Ватан ва ватандӯстӣ аз ҳар рӯзи дигар бештар сухан гуфт.

Дар омади гап, Ғаффор Мирзо муаллифи достони «Фарзанди Ҳукумат» низ буд. Имрӯз вақти он расидааст,ки ҳар кадоми мо ба таҷрибаи ҳаётии Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон, дигар фарзандони ватандўсти кишварамон чун устод Мирзо Турсунзода, академик Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо сарсупурдагони ин хоку буми аҷдодӣ такя намоем, рафтору гуфтори онҳоро мазҳари худшиносии худ қарор диҳем ва дар ин роҳ ҷонсипорона амал намоем, то миллати мо, фарзандони мо, наберагону  аберагони мо аз ҳар гуна таҳдид дар амон бошанд.

Осудагии кишвар, рушди иқтисодию иҷтимоии он маҳз аз ҳамин гуна эҳсоси амну субот, ки натиҷаи ҷонбозиву бехобиҳои сарбозону олимон, омўзгорону табибон аст, сарчашма мегирад ва он метавонад  мамлакати моро ба  пояҳои баланди тараққиёт расонад.

Ватандўстӣ аз гўшаи имон аст, мегўянд дар урфият. Ва ин яке аз ҳикматҳои ибратомӯзи дини Ислом низ ҳаст.  Ватан чун ҷону тан аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳар кадоми мо маҳз дар натиҷаи  эҳсоси ватандўстӣ-ин мафҳуми хеле ҳам пурсобиқа ва ҳассос  орзў ва ҳавасҳои худро  ташаккул медиҳем, ояндаи худ ва фарзандонамонро   мебинем, заминаҳои маънавӣ ва қонунии мавҷудияти худро асоснок мекунем. Чунин моҳияти ватандўстӣ онро ба як идиоми сиёсӣ табдил додаст, ки метавонад неруи хеле фаъоли созанда дошта бошад.

Бояд зикр намуд, ки дар фарқият аз  дигар мафҳумҳо ватандўстӣ ҳеҷ вакт тобиши манфӣ надорад. Вале қувваҳои  бадкору  истилогар ё  душманони истиқлолияти милливу давлатӣ метавонанд ба он бо назари таҳқир нигоҳ кунанд, онро мазоқу масхара кунанд  ва қувваи мутаҳидкунанда ва муқовиматкунандаи онро нодида гиранд. Ватандўстӣ дар ҳама ҳолат монеаи вайронкорӣ ва чароғи равшини  соҳибватанони роҳгумзада, тарбиятгари эҳсоси хислатҳои неки ҷавонмардону ҷавонзанони далеру шуҷоъи Ватан аст. Аз ин рў маҳз ватандўстӣ метавонад дар муқобили терроризм ва экстремизм ва даҳҳо таҳдидҳои дигар истодагарӣ кунад ва пирӯз гардад, ба қувваи мудофиавии Ватан   ва рўҳияи бешикасти миллат табдил ёбад.  Ватандўстӣ асоси ягонагию якпорчагии  мамлакат, дўстию бародарии  миллияту халқиятҳои сокини кишварамон мебошад.

Агар касе ватандўст буд,  дар Тоҷикистон ҳатто дар замони ҷанги дохилӣ худро роҳат эҳсос мекард. Агар касе ватандўст нест ҳоло ҳам,  ки тамоми шароит барои зиндагии фаъолона ва бунёдкорона муҳайё гаштааст, аз худу наздикони худ ва  аз Ватани худ норозӣ аст ва туъмаи осони террористону тундгароён мешавад. Ин гунна шахс калаванда ва бемавқеъ буда,  дар ҳар лаҳза метавонад Ватанро ба пули ночизе ё имтиёзе фурўшад.Мо дидем онҳоеро,ки соҳиби ҳама чиз буданд, вале на ба худу на ба фарзандон чизе боқӣ нагузоштанд, на боигариву на номи нек, то баъди сари онҳо номи онҳоро ба некӣ ба ёд биёранд.

Лекин касе, ки Ватани худро дӯст медорад,  ҳамеша, ҳатто берун аз Ватан бо ёди Ватан ва хоҳиши хизмат ба он зиндагӣ мекунад. Тоҷикистони азизи мо ва ҳамватанони мо аз мактаби бузурги санҷиши ватандўстӣ гузаштаанд ва мо дар воқеият дидем, ки ватандўст кист ва ватандўстӣ чист.

24 сол пеш мардуми зиёде ин ватанро тарк намуд. Онҳо аз терроризм дар ин ватан тарсиданд, аз тундгароии динӣ ва фарҳангӣ ба ҳарос афтиданд ва ин ватанро тарк намуданд.Вале барои аксарияти кулли мардуми Тоҷикистон ин ватан хеле ширин буд. Ин ҷое буд, ки дар он касе ғуломи касе нест, касе хизматгори касе нест, ҳар кас дар хизмати миллат, давлат вахалқи худ аст. Ҳамаи онҳое, ки боғайрату баномус буданд, ба Ватан баргаштанд, давраи бенониву бесомониро бо мо паси сар карданд ва имрӯ з низ чун фарзандони содиқу ватандўст пайи ба ифоқа овардани ҷомеаи Тоҷикистон,таъмини амнияту ваҳдати миллӣ  саъю талош доранд.Андешаҳои созанда ва бунёдкоронаи онҳо имрўз марҳами ҷони насли навин аст.

Онҳое, ки дар солҳои 90-уми асри ХХ, дар солҳои бўҳронӣ барои рушди демократия  саъю талош варзиданд ва  ҷомеаи тоталитарӣ онҳоро напазируфт, имрӯз, дар замони истиқлолияти давлатӣ андешаҳои худро озодона иброз менамоянд ва ҷомеаро дар рўҳияи башардўстӣ, миллатпарварӣ ва  ватанхоҳӣ тарбия менамоянд, дар вазифаҳои давлатӣ намунаи давлатмардиву худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нишон медиҳанд.

Ватан ҳатто дар соатҳои хеле душвор барои ватандӯст як ҷойи роҳат аст. Ҷойест, ки беҳтар аз он  макони дигаре нест. Онҳое, ки маънии зиндагии роҳатро дар шароити хуби иҷтимоию иқтисодӣ мебинанд, дар Аврупову Амрико ҳам бошанд, нороҳат мешаванд. Чунки ҳолати равонии онҳо чунин аст. Онҳо ҳамеша аз ҳамсоя, аз худ, аз Ватан норозӣ боқӣ мемонанд. Ҳатто дар Амрико ва дар кишварҳои мутараққӣ ҳам одамоне ҳастанд, ки хонаву дар надоранд. Дар истгоҳу дигар ҷойҳо хоб мекунанд.

Дар Ватани мо чунин нест, шояд ягон ақлгумкарда ва ё майзадае пайдо шавад, вале дар маҷмуъ давлати миллӣ ва шаҳрвандони бовиқору боғурури он ба ин роҳ намедиҳанд. Пиронсолон ва ҷавононро зери қаноти худ мегиранд. Онҳоро бо роҳҳои қонунӣ аз худкушӣ ва  мусулмонкушӣ, ки дар Сурия, Афғонистон, Ироқ, Ливия, Яман  идома дорад, дур нигоҳ дошта, пеши ҷинояткории сангини онҳоро бо тарғиботу ташвиқоти созанда ва табобаткунанда мегиранд.
Дар муқобили терроризм ва экстремизм ва шахсони бемавқеъ мо аз ватандўстӣ дида  ҳеҷ  қувваи дигари корагареро намедонем.

Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа мо бояд ба таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар дошта бошем. Зеро пеши эҳсосоти бегонапарастиву даҳшатафканиро маҳз чунин ҳамкории аҳли  сиёсат, илм ва санъат метавонанд гиранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатто «омӯхтани сабаб ва омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамонро яке аз вазифаҳои муҳимтарини олимони ҷомеашинос»  арзёбӣ намуданд. Зеро донистани хатоҳои пештара моро аз содир кардани чунин хатоҳо дар оянда нигоҳ хоҳад дошт.  Зеро доир ба ин масъала андешаву тадқиқоти муътамади олимон бояд нақши ҳалкунанда дошта бошад, то ин ки ҳодисаҳои даҳшатноку фоҷиабори гузашта барои наслҳои ояндаи халқамон дарси ҳушёрӣ ва ибрат гарданд. Бо дарназардошти шароити минтақа, вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва  стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин тадқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд. То  имрӯз усулу асосҳо ва афзалиятҳои ин сиёсат, ки аз ҳимояти манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар, амнияту суботи ҷомеа ва таъмини рушди Тоҷикистон иборатанд ва онҳоро Пешвои миллат дар ин солҳо ба арзишҳои асосии миллат табдил додаанд, тағйир наёфта, балки бештар мушахастар шуда ва ба шароити муосир мувофиқ гаштаанд.Як гурўҳ олимон, шоирону нависандагон ва назарияпардозони ин соҳаи давлатдории Тоҷикистон аз корҳо ва ташаббусу иқдомҳои  Президенти мамлакат  илҳом гирифта, чун созандагони назарияи нави давлати миллии мо   бо дастгирии сиёсати дохиливу хориҷии давлатамон барои ба зинаи нави тараққиёт гузаштани Тоҷикистон заминаи маънавӣ гузошта истодаанд. Хизмати бебаҳои онҳоро бо ҳеҷ гуна арзиши моддӣ чен кардан имконият надорад, зеро мавқеи ватандўстонаи онҳо бебаҳост, онҳо муҳофизони манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ ва амнияту суботи кишваранд, онҳо сарҳадбонони марзҳои мафкураи миллиянд.

Мо мебинем, ки  имсол ва якчанд соли пешин пур аз таҳаввулоту рӯйдодҳои ногаҳонӣ ва дигаргун шудани асосҳои қаблан хеле устувори низоми байналмилалӣ буданд. Фақат як ҳаракати террористии байналмиллалӣ тавонист бисёр дастовардҳои барои инсоният арзишмандро аз байн барад, дар байни динҳо, мазҳабҳо ва  миллатҳо тухми низоъ корад ва ба сари инсоният даҳшатҳои чашмнодиду гушношунид биёрад. Беҳуда нест, ки  Пешвои миллати мо дар яке аз  Паёмҳояшон терроризмро ба даҳшати силоҳи ҳастаӣ баробар  донистанд.

Сар задани алангаи нави мухолифату низоъҳо дар Шарқи Наздик ва минтақаҳои дигари дунё, густариши бесобиқаи терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳ, шиддат гирифтани проблемаҳои экологӣ ва хуруҷи бемориҳои наву басо хатарноки сирояткунанда, коҳиш ёфтани нуфузи ниҳодҳо ва асосҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аҳамияти масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти миллӣ ва минтақавиро ба маротиб зиёд мегардонанд. Амният аз як тараф агар  мафҳуи том ва ҷудонашаванда бошад, аз тарафи дигар хеле бисёрҷиҳата  низ ҳаст. Дар доираи панҷ бастаи амниятӣ метавон қариб   бист  навъи амниятро ҷудо карда, хавфу хатарҳои  барҳамзанандаи онҳоро  таъқид намуд.Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро бо хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз доштаанд ва  таъқид ҳам кардаанд,  ки «номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст».

Мардум аз як тараф  ба тақвияти ҳарчи бештари асли таҳаммулгароӣ таваҷҷўҳ дошта бошад, аз тарафи дигар наметавонад куштори занону ҷавонон ва кӯдаконро дидаву дониста, хомӯш истад,  таҳаммул кунад, бадном сохтани исломро, нест кардани арзишҳои волои миллӣ ва  ёдгориҳои таърихиро нодида гирад. Мо бояд  мардуми мусулмонро чун мардуми мутамаддин ва фарҳангиву илмпарвар таҷассум намоем ва ин фарҳангро дар муттаҳидӣ ба муқобили терроризми байналмиллалӣ истифода барем. Дини мубини ислом бояд  дар роҳи ҳамкории ҳамаи нерӯҳои солими башарият хизмат кунад. Бинобар ин, мо бояд тамоми василаву воситаҳоро истифода кунем,  то   ки эҳтироми ғояву андешаҳои солиму созанда ва таҳаммули фикри якдигар тамоюли асосии дунёи имрӯз гардад, на куштору ғорат ва вайронкориву  даҳшатафканӣ. Ватандўстӣ  сипари ваҳдати миллии мост Ватандўстӣ омили рушди кишвари мост. Ватандустӣ дармони ҳар гуна каҷравиҳост.

Шоире фармудааст:

Агар дӯзах ба зери пўст дорӣ,

Насузӣ,  гар ватанро дўст дорӣ.

Имрўз  талоши якҷоя ва дастаҷамъона, эмин нигоҳ доштани сайёра ва минтақаи мо аз ин офатҳо аз ҷумлаи вазифаҳои бетаъхир ва муҳимтарини давлатҳои миллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ гаштааст. Ин вазъ аз ҳамаи мо татбиқи сиёсати санҷидаву мутавозинро тақозо мекунад, то ки кишварҳои мо ба арсаи бесуботӣ табдил нагарданд. Барои ин мо бояд ватандўстиро ба меҳвари мафкураи худ табдил  диҳем, то аз ҳар гуна таҳдидҳо  ва каҷравиҳои сиёсӣ ҷилавгирӣ намоем  ва чун сарбозони Ватани азизамон ҳама вақт барои ҳифзи он аз ҳама гуна душманони дохиливу берунӣ доимо тайёр бошем.

Биёед дар Рӯзи Артиши миллӣ ҳамаи муҳофизони Ватан ва мардони ҳақиқиро табрику муборакбод гуфта, ба онҳо саломатӣ ва ғайрату қуввати беҳтару бештар орзў намоем!

 

                                                                                        Сайфулло САФАРОВ,

                                              муовини якуми директори Маркази тадқиқоти

                                стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

                                                             номзади илмҳои фалсафа, профессор

 

 

Февраль 23, 2017 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
МАСИРИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. Андешаҳои Абдураҳим Шоҳиён дар робита ба ин мавзуъ
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо