Ҷоннок намудани корҳои поксозӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ
ДУШАНБЕ, 24.02.2017. /АМИТ«Ховар»/. Бо иқдоми бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода роҳбарияти заводи муштараки «Анзоб» барои тоза намудани роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар минтақаи «Нақби Истиқлол» ёрии моддӣ ва техникӣ расониданд.
Барои тоза кардани қисми мошингарди роҳ аз тарма ду адад техникаи роҳдорӣ ҷудо карда шуд.
21-23 феврали соли 2017 ба зиёда аз 200 нафар ронандагоне, ки дар километри 100-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок бинобар маҳкам будани роҳ истода буданд, хӯроки нисфирӯзӣ ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ дода шуд.
Ҳамчунин кормандони Ситоди доимоамалкуданда, ки дар километри 72- и роҳ мавҷуд аст, бо маводи озуқаворӣ таъмин карда шуданд.
Дар ин раванд кормандони милитсия дар байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, барои бартараф намудани офатҳои табиӣ чораҳои пешгирикунандаро роҳандозӣ менамоянд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






