Озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» довталабонро интизор аст
ДУШАНБЕ, 16.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» -и Вазорати рушди иқисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати «Рӯзи ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ», ки 26 апрел таҷлил мегардад, озмуни «Ихтироъкори беҳтаринии Тоҷикистон»-ро барои солҳои 2015-2016 эълон намуд.
Тавре аз маркази мазкур хабар доданд, натиҷаҳои озмун дар ҷаласаи тантанавие, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2017 доир мегардад, эълон карда мешаванд.
Барои иштирок дар озмун ихтироъкорон бояд то 20 феврали соли 2017 ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунанд.
Ғолибонро ҷоизаҳои махсус ва туҳфаҳои хотиравӣ интизоранд.








Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






