Пентагон таҳияи тавсияҳо барои тезонидани амалиёт бар зидди «Давлати исломӣ»-ро ба охир расонд
ДУШАНБЕ, 23.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари Фармондеҳии марказии НҲҲ ИМА генерал Ҷозеф Вотел тавсияҳои худро дар мавриди тезонидани амалиёт бар зидди гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (дар Тоҷикистон мамнуъ) бо назардошти талаботи президент Доналд Трамп ба Кохи сафед пешниҳод намудааст. Дар ин бора зимни брифинг дар Кохи сафед полковники НҲҲ Амрико Ҷон Дорриан-намояндаи расмии ситоди амалиёти зиддитеррористии «Inherent Resolve» хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки Трамп 28 январ амреро ба имзо расонид, ки тибқи он маъмурияти ИМА барои таҳияи нақшаи нав ҷиҳати торумор намудани ДИ муваззаф шуда буданд. Лоиҳаи пешакиро бояд вазири мудофиаи ин кишвар Ҷеймс Мэттис то охири моҳи равон пешниҳод кунад.
Трамп ҳамчунин аз Пентагон тақозо кард, ки баҳри самаранокии мубориза бо ДИ шарикони нави хориҷӣ пайдо кунад.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






