Пешвои миллат: « Масъулон Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии пойтахтро барои давраи то соли 2025 таҳия ва пешниҳод намоянд»
ДУШАНБЕ, 15.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зикр карданд, ки гарчанде доир ба эҳёи анъанаҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангии сокинони шаҳр то имрӯз корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд, вале ҳоло низ дар ин самт камбудиҳо ба назар мерасанд.
«Фарҳанги шаҳрдории мо беҳбудиро талаб карда, маданияти шаҳрнишинӣ дар бисёре аз маҳаллаҳои шаҳр, хонаҳои баландошёна риоя намешавад ва муомилаву муоширати сокинони шаҳр на ҳамеша мутобиқи суннатҳои мардуми куҳанбунёду бостонии мост.
Марказҳои фарҳангу фароғат талаботи аҳолии шаҳрро пурра қонеъ карда наметавонанд, ба чорабиниҳои фарҳангӣ тамошобин кам ҷалб мешавад ва таъсири ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушди фарҳанги шаҳрдорӣ эҳсос намегардад», — таъкид намуданд Сарвари давлат.
Дар ин замина Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарияти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо мақсади беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоии аҳолии пойтахт, ташкили фаъолияти босамари сохторҳои давлативу бахши хусусӣ, бунёди иншооти мухталиф, беҳтар намудани фаъолияти сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии пойтахтро барои давраи то соли 2025 таҳия ва пешниҳод намоянд.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






