Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар Суғд баргузор мешавад
ХОРУҒ, 25.02.2017 /АМИТ «Ховар» /. Дар остонаи 20 солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ зиёда аз 300 нафар кормандони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ВМКБ аз ҷумлаи шоирону олимон, ҳунарпешагон, косибон, рассомон,омӯзгорон ва хабарнигорон ба вилояти Суғд сафар мекунанд.
Азорабек Азорабеков, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ гуфт, ки сокинони вилояти Суғд дар ин рӯзҳо имкон пайдо мекунанд, ки намоишномаҳои беҳтарини ҳунармандони ноҳияҳои Рӯшон Шуғнон, Ишкошиму Мурғоб ва Ванҷу Дарвозро тамошо кунанд. Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ аҳли ҳунари ВМКБ дар шаҳру навоҳии ин вилоят барномаи вижаи адабӣ мусиқӣ бо номи «Арӯси Бадахшон»ро ба намоиш мегузоранд.
Дар паи ин сафари чандрӯза ҳунармандони бадахшонӣ қасд доранд, ки бо ҳамтоёни суғдии худ дар самтҳои сӯзанидузӣ, атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ табодули таҷриба кунанд.
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед зимни таҳияи барномаи сафар изҳор дошт, ки ин чорабинӣ бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар ҷашни ҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ, ки соли гузашта дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд, сурат мегирад. Чунин дидору мулоқотҳо дӯстию рафоқат ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни сокинони манотиқи мухталифи кишварро боз ҳам бештар таҳким мебахшад.








Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид






