Раиси вилояти Хатлон: «Хизмат ба Модар — Ватан барои ҳар як фарди ҷомеа шарафи бузург аст»

Февраль 23, 2017 17:12

23 февраляҚӮРҒОНТЕППА, 23.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа маҷлиси ботантана бахшида ба 24- солагии таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни табрики ҳомиёни Ватан бо ҷашни Артиши миллӣ гуфт: «Хизмат ба Модар- Ватан барои ҳар як фарди ҷомеа шарафи бузург ва вазифаи муқаддас ба ҳисоб меравад. Ҷавонони моро мебояд, ки ҳифзи Ватанро вазифаи муқаддаси худ дониста, пайваста ба он кӯшанд, ки насли ҷавон ватандӯсту масъулиятшинос ба воя расад».
Дар ҷаласа ҳамзамон ба як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ, куҳансолон, аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии фавтида мукофот ва ифтихорномаҳои Раиси вилояти Хатлон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон супорида шуданд.

Февраль 23, 2017 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд