Раъно Бобоҷониён: «Дар ҷаҳон ҷавонон ба ҳайси неруи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд»

Февраль 23, 2017 16:21

ДУШАНБЕ, 23.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола аз ҷониби «Ташкилоти ғайритиҷоратии русиягии фонди институти аврупоии тадқиқотӣ» беҳтарин донишҷӯёни вилояти Суғд ба гирифтани идрорпулии Менделеев сазовор мешаванд. Тавре аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд хабар доданд дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маросими супоридани идрорпулӣ ба ғолибони навбатӣ доир шуд.
Хуршеда Содиқова, танзимгари «Ташкилоти ғайритиҷоратии русиягии фонди институти аврупоии тадқиқотӣ» чунин гуфт: «Ташкилоти мо бо мақсади тақвияти дониши донишҷӯён ва мустаҳкам намудани робитаи ҷавонони кишвар бо Россия ин ҷоизаро ташкил намуда, то имрӯз наздик ба 110 нафар донишҷӯёни фаъол чунин идрорпулиҳоро додааст».
Раъно Бобоҷониён, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз дошт, ки «дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба ҳайси неруи бузурги бунёдкор, пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд ва таҳкими неруи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатро бе иштироки онҳо тасаввур кардан душвор аст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии фаъолияти эҷодии онҳо ва муттаҳид сохтани ҷавонон дар татбиқи барномаҳои инноватсионӣ тадбирҳои мушаххас меандешад».
Кирас Мажейка, ноиби президенти байналмилалии авруосиёии Академияи телевизион, радио ва матбуоти Федератсияи Россия аз робитаи ҳасанаи Россия ва Тоҷикистон сухан гуфт.

Февраль 23, 2017 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид