Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ғолиби мусобиқаи гӯштини миллӣ эълон гардид
ДУШАНБЕ, 03.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз даври ниҳоии мусобиқаи шахсӣ-даставӣ оид ба гӯштини миллӣ, ки тайи ду рӯз идома дошт, ҷамъбаст гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқа варзишгарони мактабҳои гуногуни варзишии ҷумҳурӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту идораҳои давлатӣ иштирок намуда, дар назди тамошобинону мухлисони зиёди ин намуди варзиш ҳунару маҳорати худро нишон доданд.
Варзишгарон аз рўйи вазнҳои 60, 70, 80, 90, 100 ва беш аз 100 килограмм ба майдон баромаданд. Қувваозмоии иштирокчиёни мусобиқаро доварони шинохтаи ҷумҳурӣ баҳогузорӣ намуданд.
Ҳамин тариқ, аз натиҷаи рақобатҳои давра ба давраи гӯштингирон ғолибон дар вазнҳои худ муайян гардиданд.
Аз рӯи ғолибияти бештари варзишгарон дастаҳои ғолиб низ маълум гаштанд. Дастаи гӯштингирони Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ғолиби мусобиқаи гӯштини миллӣ эълон гардида, дастаи «Динамо»-и Вазорат ҷойи дуюм, варзишгарони дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ғолиби ҷойи сеюм дониста шуданд.
Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






