Сафорати Франсия ният дорад дар Суғд Маркази фарҳангии «Бохтариён»-ро бунёд намояд
ДУШАНБЕ, 24.02.2017. /АМИТ «Ховар». Сафорати Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад дар вилояти Суғд Маркази фарҳангии «Бохтариён»-ро бунёд намуда, ҳамчунин дар соҳаи маорифи вилоят якчанд лоиҳаҳоро амалӣ созад. Ин нуқтаи назар зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар баён гашт.
Тавре ба «АМИТ» Ховар аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба муносибат ва густариши ҳамкории дуҷониба сухан карда, аз ҷумла баҳри боз ҳам тақвият додани раванди ҳамкории дутарафа омодагии худро баён доштанд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зикр намуд, ки соли 2016 дар вилояти Суғд истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6,9 миллиард сомонӣ расонида шуда, вилоят аз минтақаи аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил дода шудааст. Дар бахши кишоварзӣ ислоҳоти соҳа идома дошта, таъсиси хоҷагиҳои хурди инфиродиву оилавӣ боиси ҷалби шумораи бештари шаҳрвандон ба шуғли доимӣ ва то 40 дарсад коҳиш ёфтани сафи муҳоҷирони меҳнатӣ гардидааст.
Сафири Франсия Ясмин Гуадер баён дошт, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, соли равон чанде аз ширкатҳои бузурги Франсия барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Роҳандозии ҳамкорӣ бо вилояти Суғд боиси рушди муносибатҳо мегардад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






