Сенати ИМА номзадии Уилбур Россро ба мансаби вазири саноат ва савдо тасдиқ намуд

Февраль 28, 2017 17:16

ДУШАНБЕ, 28.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шоми рӯзи душанбе, 27 феврал Сенати ИМА номзадии Уилбур Россро ба мансаби вазири савдо тасдиқ намуд. Дар ин бора АИР «Новости» хабар медиҳад.
Дар ҷараёни овоздиҳӣ Росс аз нисф зиёди овозҳоро (аз 100 овоз) ба даст овард. Росс 79-сола буда, ширкати «W.L. Ross & Co.»-ро роҳбарӣ менамуд. Тибқи баҳогузории маҷаллаи «Forbes», дороии Росс 2,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Трамп номзадии соҳибкорро ба мансаби вазири савдо пешниҳод намуд, ки то ӯ ба бастани созишномаҳои тиҷоратии «одилона» ва коҳиш додани касри тиҷорат бо чунин давлатҳо, ба мисли Хитой ва Мексика ноил гардад.
Акнун ба Росс лозим аст, ки рӯзномаи Трампро дар соҳаи тиҷорат татбиқ намояд. Президент Доналд Трамп аллакай дар бораи баромадани ИМА аз тиҷорати шарикии Фаро-Уқёнуси Ором эълон кард. Ҳамчунин ӯ тасмим гирифтааст, ки созишномаи барои ИМА каме муҳимтарро оид ба минтақаи озоди тиҷоратӣ бо Мексика ва Канада аз нав дида мебарояд. Трамп изҳор медорад, ки ин иқдом дар баргардонидани истеҳсолот дар ИМА ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Февраль 28, 2017 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад