Шанбе — рӯзи варзиш ва солимгардонӣ дар шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 20.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ таҳти унвони «Шанбе-рӯзи варзиш ва солимгардонӣ» доир гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Маҳкамбой Гулов иттилоъ дод, ҷавонону наврасони пойтахт бо ҷонибдорӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат ва дар доираи Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар иншооти варзишии шаҳри Душанбе ба машғулиятҳои оммавию варзишӣ баромада, дар тамринҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуданд.
Дар ин замина тадбирҳои варзишӣ бо машқҳои пагоҳирӯзӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва назди бинои Сирки давлатӣ, мактабҳо ва майдончаҳои варзишӣ оғоз гардида, дар давоми рӯз Чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба гӯштини тарзи озод, мусобиқаҳои варзишии рафиқона оид ба намудҳои гӯштин, варзиши сабук, гимнастика, акробатика, таэквондо, камонварӣ, бокс, муҳорибаи тан ба тан, футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот ва шашка гузаронида шуданд.
Дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии «Дави дӯстӣ» гузаронида шуд, ки дар он ҷавонони фаъол иштирок намуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






