Шариф Шарифзода: «Саҳми соҳибкорони Хуҷанд дар ташаккули буҷети шаҳр зиёда аз 85 %-ро ташкил медиҳад»

Февраль 22, 2017 17:24

ХУҶАНД, 22.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар  шаҳри Хуҷанд мулоқоти озоди Раиси шаҳр Шариф Шарифзода бо беш аз 150 нафар соҳибкорон, роҳбарони корхонаю ташкилот ва ширкатҳои истеҳсолӣ доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи ташкилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд, Раиси шаҳри Хуҷанд аз нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ёдоварӣ намуда, гуфт: «Имрӯз сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона карда шудааст, ки ба тақвияти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда диққати махсус дода шавад. Дар ин радиф дар маркази вилояти Суғд давоми чанд соли охир истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ рӯ ба афзоиш оварда, содироти даҳҳо номгӯй маҳсулоти ашёи хом ба хориҷи кишвар кам гардид. Ин маҳсулот дар корхонаҳои ватанӣ коркард, истеҳсол ва бандубаст мегардад, ки ин имкон медиҳад, то молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ рақобатпазир гарданд. Дар ин ҷода саҳми соҳибкорони ватанӣ назаррас мебошад».

Дар вохӯрӣ ҳамчунин Эмелио Кателло, президенти яке аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон «Каррера», ки яке аз бахшҳои ин коргоҳ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият дорад, ширкат намуда, аз шароити мусоид ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Тоҷикистон баҳри рушди соҳибкорӣ дар мамлакат иброз қаноатмандӣ кард.

 

Февраль 22, 2017 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид