Шерхон Салимзода муборизаро бар зидди истифодабарандагони маводи синтетикӣ пурзӯр хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 02.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар мавриди афзудани истифодаи маводи синтетикӣ аз ҷониби ҷавонон изҳори нигаронӣ намуда, баён дошт, ки агентӣ бар зидди ин амали номатлуб муборизаро пурзӯр хоҳад кард.
Ин нукта зимни нишасти хабарӣ, 2 феврал садо дода, роҳбари ниҳоди мазкур зикр намуд, ки айни ҳол барои муайян намудани нашъамандоне, ки маводи синтетикӣ истифода мебаранд, тарзу усули нави мубориза мавриди омӯзиш қарор дорад.
Бояд гуфт, ки муайян кардани ин навъи нашъамандон хеле душвор аст ва нашъаманд будани баъзеи онҳо то 10 сол ошкор намешавад.
Бинобар ин Шерхон Салимзода гуфт, ки баҳри пурзӯр намудани мубориза бар зидди нашъамандӣ кормандони агентӣ тадбирҳои қатъӣ андешида, пеш аз ҳама, мекӯшанд, ки ҳарчи бештар аз муомилоти ғайриқонунӣ ин намуди маводи нашъаоварро мусодира намоянд ва ғайриқонунӣ воридшавии онро ба ҷумҳурӣ пешгирӣ кунанд.
«Соли гузашта дар ҷумҳурӣ аз тарафи ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 13 337 адад ҳабҳои моддаҳои психотропӣ мусодира карда шуданд, ки назар ба соли 2015 2104 адад ё 18,7 фоиз зиёд мебошад», зикр намуд директори агентӣ.
Бештари маводи психотропӣ дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои ногаҳонӣ дар марказҳои дилхушӣ мусодира гардиданд. Зимни санҷишҳо дар давраи ҳисоботӣ 200 нашъаманд муайян гардида, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қайд гирифта шуданд. Тибқи омори расмӣ, соли 2016 дар вазорати мазкур 7 067 нафар ҳамчун бемори нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд. Аз миқдори умумӣ 175 нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Ҳамчунин дар ин давра 560 нафар аз қайди нашъамандӣ бароварда шуданд.








МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






