Шикасти «Барселона» ва иштибоҳ дар пешгӯии коршиносони футболи ҷаҳон

Февраль 15, 2017 12:07

БарселонаДУШАНБЕ, 15.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар аввалин бозии 1/8 -ниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо клуби шӯҳратёри «Барселона» дар варзишгоҳи «Парк де Пренс»-и Париж аз мизбон -ПСЖ бо натиҷаи 4:0 шикаст хӯрда, пешгӯии коршиносони футболи ҷаҳонро ((80% ғалабаи «Барселона») ботил кард.
Ду голро дар ин вохӯрӣ ҳамлагари дастаи мунтахаби Аргентина ва ПСЖ Анхел ди Мария дар дақиқаҳои 18 ва 55, Юлиан Дракслер (40) ва Каванӣ (71) ба нишон расониданд. Аҷиб он аст, ки ди Мария ва Каванӣ дар зодрӯзашон ба ин комёбӣ муваффақ шуданд. Аз ин пеш танҳо Мирко Вучинич ва Жулио Баптиста дар ҳайати дастаи «Рома» дар зодрӯзашон дар Лигаи чемпионҳо гол задаанд.
ПСЖ ба қатори шаш дастае шомил шуд, ки ба дарвозаи «Барселона» дар бозиҳои Лигаи чемпионҳо 4 гол ворид кардааст. Аз ин пештар ба «Милан», «Динамо»-и Киев, «Валенсия», «Челси» ва «Бавария» муяссар гардида буд, ки «Барселона»-ро ба ин ҳол гирифтор кунанд.
Дар бозии дуюми рӯз «Бенфика» бар «Боруссия»-и Дортмунд бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.
Имрӯз «Бавария» бо «Арсенал» ва «Реал» бо «Наполӣ» бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд.

Февраль 15, 2017 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид