Ширин Қудосӣ: «Мусулмонони Амрико дар мубориза бо экстремизми исломӣ ҷонибдори Трамп мебошанд!»

Февраль 2, 2017 10:46

ДУШАНБЕ, 02.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ширин Қудосӣ, яке аз занҳои фаъоли эронитабор ва ислоҳотхоҳи Амрикост ва аз ҳиссагузорони (саҳҳомони) асосии созмони «CounterJihad» (Зиддиҷиҳод) мебошад. Ҳоло ӯ болои китоби аввалини худ «Таърихи воқеии Ислом» кор мекунад. Ӯ дар саҳифаи худ дар Twitter чунин навиштааст:

Дар ҳафтаи аввали президентии худ Доналд Трамп ба мардуми Амрико нишон дод, ки ҳарчанд дорои маҳорати баланди суханварии ходими давлатӣ набошад ҳам, вале ин норасоиро бо истифода аз азми қавии соҳибкорӣ бартараф мекунад.

Ҳафтаи равон президент Трамп фармон оид ба сохтмони девори сарҳадӣ ва фармон оид ба боз доштани мавҷи муҳоҷират аз ҳафт давлат, аз ҷумла аз Сурияро, ки қабули гурезагонро аз ин кишварҳо маҳдуд месозад, ба тасвиб расонд. Бархе нафарон бар он назаранд, ки ин қарор кишварҳоеро, ки ба паҳн шудани терроризм мусоидат мекунанд, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Покистонро фаро намегирад. Вале он дар асл ба рафъи норасоии калони амният, яъне гузариш тавассути Барномаи амрикоии кӯчонидани гурезагон равона шудааст. Барномаи мазкур ду унсури асосиро дарбар намегирад:

Якум, оё ин намуди муҳоҷират ба манфиати Амрико аст?
Дуюм, оё он вазъи воқеиро дарбар мегирад?

Вазъи воқеӣ он аст, ки сарнавишти талхи гурезагон барои террористони исломӣ ҳамчун нақлиёт буда, онҳо аз мавҷи душворфатҳи осебдидагони ҷанг ба осонӣ истифода мекунанд.

То ба тасвиб расидани фармони Трамп, муҳоҷират барои амнияти Амрико доғи азими ноаёне буд. Сиёсати амниятии Трамп дар ҳафтаи аввал иқдомест, ки аз ҷониби мусулмонони дохилию хориҷии Амрико пазируфта шуд. Зеро ки аксарияти мусулмонон мисли дигар амрикоиҳо вобаста ба афзоиши экстремизми исломӣ мушкилоти ягонаи амниятӣ доранд.

Вақте ки ман бо яке аз фаъолони Покистону Амрико Алӣ Аббос Тоҷ доир ба ин масъала суҳбат кардам, ӯ таъкид намуд, ки маъмурияти Трампро зарур аст ба гурӯҳҳои асосии экстремистӣ, аз ҷумла ба «Салафия» дар Шарқи Миёна ва «Деобандистӣ» дар Осиёи Ҷанубӣ диққати бештар зоҳир намояд. Таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба ин ду гурӯҳ ба маъмурияти Трамп дар канорагирӣ аз соддагардонӣ зери ливои экстремизми исломӣ мусоидат мекунад.

Алӣ мегӯяд: «Мо 2 миллион нафар мусулмонро душмани худ карда, наметавонем бар экстремизми исломӣ пирӯз шавем. Ифротгароён бояд танҳо дар доираи ин гурӯҳҳо («Доебандистӣ» ва «Салафия») нобуд карда шаванд. Мо наметавонем 2 миллион нафар мусулмонро нобуд намоем».

Ҳадафи ҳамлаи экстремистҳо қарор гирифтан нигаронии мусулмононро зиёд кардааст. Аз ҷумла, аксарияти мусулмонони Амрико дарк менамоянд, ки агар давлат ба ҷиддӣ қабул кардани экстремизми исломӣ напардозад, он гоҳ онҳо дар марҳилаи кӯтоҳи раванди хориҷшавии худ қарор хоҳанд гирифт.

Ширин Кудоси-5

Масалан Фотимаро мисол меорем, ки яке аз мусулмонзанони Амрикои Шимолӣ мебошад ва аз ҷорӣ намудани тадбирҳои ҷиддӣ нисбат ба терроризми дохилӣ пазироӣ мекунад. Дар мубодилаи смс-паёмакҳо бо ман Фотима изҳори боварӣ кард, ки «санҷиш ва назорати фавқулодаи масҷидҳо, маблағгузории онҳо ва ташкилотҳо, аз ҷумла Шӯрои муносибатҳои Амрико ва Ислом (CAIR) дар ҷилавгирии экстремизм ва ғояҳои экстремистӣ кумак хоҳад кард».

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки «маъмурияти Трамп бояд ҳамаи мусулмононро зери таҳқир қарор надода, бо экстремизми исломӣ мубориза барад».

Шаъз Маҳбуб, масъули саҳифаи мусулмонони Британия барои демократияи дунявӣ дар Фейсбук (Facebook) ҷонибдори Трамп буда, мутмаин аст, ки президенти кунунии ИМА метавонад майдони минаи экстремизми исломиро бо кумаки иттиҳодияҳои стратегӣ ва мусулмонони ҷонибдори ислоҳот аз байн барад.

Ӯ ҳамчунин даъват намуд, ки исломгароён ба гуфтугӯҳо, ки маъмурияти Обама дар давоми 8 сол ҳамчун тактика истифода мекард, роҳ дода нашаванд.

Ба исломгароёне, ки барояшон маъмурияти Обама кумак мекард, муяссар гардид мусулмонони ҷонибдори ислоҳотро аз муколамаи миллӣ бароранд.

Маҳбуб мегӯяд: «Фурсати он фаро расид, ки бо исломгароён дар бозии худи онҳо бозӣ карда, бо муҳосира кардан онҳоро шикаст диҳем».

Мусулмонон президенти тозаинтихоби ИМА-ро тарафдорӣ мекунанд. Ҳатто он мусулмононе, ки ба ҷонибдории Трамп овоз дода натавонистанд ва бо мушкилоти экстремизми исломӣ рӯбарӯянд, ҳис мекунанд, ки Трамп метавонад ҳамчун баландгӯяк ба овози онҳо такя намояд.

Маъмурияти нав бояд бо истифода аз тадбирҳои ҷиддӣ нисбат ба ҳадафҳои дохилӣ масъалаи сиёсати муҳоҷиратро муфассал баррасӣ намояд. Қадами нахустин дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои мусулмонони ҷонибдори ислоҳот бояд зарбаи амиқ ба мушкилот бошад.

 

Ширин ҚУДОСӢ
ИМА

Февраль 2, 2017 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад