Шоҳмотбозони навраси шаҳри Душанбе соҳиби 62 медал гаштанд
ДУШАНБЕ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот миёни наврасони аз 6 то 20-сола дар толори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб баргузор гардид. Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқа бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Дар мусобиқа дастаҳои шоҳмотбозони шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии тобеи Марказ, Хатлон-1 ва Хатлон-2, ки шумораи умумии иштирокчиён 97 нафарро ташкил менамуд, ширкат варзиданд. Мусобиқа миёни варзишгарони наврас дар 3 намуди бозии шоҳмот-классикӣ, блитс ва рапид ҷараён гирифт.
Шоҳмотбозони навраси шаҳри Душанбе бо гирифтани 62 медал сазовори ҷойи аввал, дастаи Хатлон-2 (шоҳмотбозони минтақаи Кӯлоб) бо мушарраф шудани 58 медал ҷойи дуюм ва намояндагони дастаи шаҳру навоҳии тобеи марказ бо соҳиб гаштани 16 медал соҳиби ҷойи сеюми мусобиқа дониста шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






