«Сомон Эйр» нархи чиптаро ба самти Тошканд муайян кард
ДУШАНБЕ, 01.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аввалин парвози мунтазам тариқи хатсайри Душанбе-Тошканд -Душанбе 20 феврал фаъол хоҳад гашт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Темур Бандишоев иттилоъ дод.
Бино ба иттилои Т. Бандишоев, арзиши чипта ба як самт бо назардошти маблағи хизматрасониҳои фурудгоҳ аз 1164 сомонӣ шурӯъ мешавад. Арзиш пеш аз ҳама, аз рӯи маблағи хизматрасониҳои фурудгоҳӣ барои як мусофир дар фурудгоҳи Тошканд, ки 76 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, асоснок мегардад. Дар назар аст, ки баъди гузаронидани мулоқот бо фурудгоҳи Тошканд ва дар ҳолати гирифтани тахфиф ба хизматрасониҳои фурудгоҳӣ, имконияти коҳиш додани нархи чиптаҳо дар самти мазкур мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Кушодашавии хатсайри нав ба сокинони Тоҷикистон ва Ўзбекистон имкон медиҳад, ки рафту омади худро дар ду самт осон ва дар баробари ин ширкати ҳавопаймоӣ тавассути хатсайрҳои транзитӣ самти парвозҳои худро аз фурудгоҳи Тошканд ба дигар кишварҳои ҷаҳон зиёд намояд.
Вақти парвоз аз шаҳри Душанбе соати 10-00 рӯзона мебошад. Вақти парвоз аз шаҳри Тошканд соати 12-00 нисфирӯзӣ сурат мегирад. Парвоз 45 дақиқаро дарбар хоҳад гирифт.
Гуфта мешавад, ки 10 феврал ҳавопаймо бо хатсайри санҷишӣ ва иштироки намояндагони сохторҳои авиатсионии Тоҷикистон парвоз мекунад. Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ният доранд бо намояндагони фурудгоҳи шаҳри Тошканд ва ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон Ҳаво Йуллари» музокирот намуда, тамоми масъалаҳои ташкилиро вобаста ба кушодани хатсайри мунтазам баррасӣ намоянд.
Феълан «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






