«Созандагони Ватан» аъзои шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд

Февраль 23, 2017 17:20

ДУШАНБЕ, 23.02.2017. /АМИТ«Ховар»/. 22 феврали соли равон дар Маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдат ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар шӯро сараввал дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикитон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҷалби созмонҳои нав ба Шӯро ва зиёд намудани аъзои он аз ҳисоби ҷавонон ва бонувони болаёқат асос меёбад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Шӯрои марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» масъалаи қабули ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба узвияти Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби аъзои Шӯро якдилона пазируфта шуд.
Абдулло Раҳмонзода, раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» зикр намуд, ки қабули созмонро ба узвияти Шӯро ҳамчун дастгирии навбатии Пешвои миллат аз ҷавонон ва қадами устувору самарабахш дар роҳи таҳкими ҷомеаи шаҳрвандии кишвар арзёбӣ менамоянд.
«Эълон намудани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон ва дар оғози ин сол пазируфта шудани ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба ҳайси аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ масъулияти ташкилоти «Созандагони Ватан» ва аъзои онро дар назди давлату миллат даҳчанд меафзояд»,-гуфт А. Раҳмонзода.

Февраль 23, 2017 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид