Спитамен: Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад

Февраль 16, 2017 14:48

Хуҷанд, 16.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 28-умин солгарди аз марзи Афғонистон баровардани қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ноҳияи Спитамен ҷамъомади хотирмон баргузор гардид.

Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз  шуъбаи ташкилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен иттилоъ доданд, баҳри пос доштани хотираи ҷанговарон – интернатсионалистон 14 феврал дар маркази ноҳия бо иштироки намояндагон аз макомоти маҳаллӣ, фаъолони ҷамоати шаҳраки Навкат, собиқадорони ҷанги Афғонистон ва пайвандони афсароне, ки дар ин ҷанг қурбон гаштаанд, ҷамъомади идона доир гардид.

Қабл аз оғози ҳамоиши тантанавӣ иштирокчиён дар мавзеи Ёдгорӣ, ки дар боғи фарҳангӣ-фароғатии маркази ноҳия мавҷуд аст, хотираи сарбозону афсаронеро, ки дар ин ҷанг қурбон гаштаанд, пос дошта, ба зери пояи ёдгорӣ гулчамбар гузоштанд.

Сипас дар тарабхонаи «Гулрез»-и ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Акрам Сулаймонзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуда, ба иштирокдорон сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти ноҳия супорида шуданд.

 

 

Февраль 16, 2017 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид