Талаби пул ба ҷойи дониш аз донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода
ДУШАНБЕ, 13.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси муроҷиати волидайни ду нафар донишҷӯёни Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши прокурорӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи ин санҷиш муайян гардид¸ ки 20 январи соли 2016 Сафаров Аҳмад Бурҳонович, директори Коллеҷи мазкур аз яке 3500 сомонӣ ва Ҳасанов Иброҳим Зубайдович, сармуҳосиби ин таълимгоҳ 25 январи соли 2017 аз дигарӣ 8000 сомонӣ маблағро ғайриқонунӣ гирифтаанд.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, зикр карданд, ки дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» соли 2016 шуъбаи дорусозӣ таъсис ёфта, қабули довталабон ба он тариқи шартномавӣ ба роҳ монда шудааст. Номбурдагон бо мақсади ба даст даровардани фоидаи муфт дар вақти қабули ҳуҷҷатҳои довталабон бо волидони онҳо вохӯрда, шарт гузоштаанд, ки ба ғайр аз маблағи шартномавии муайяншуда маблағи иловагӣ дар ҳаҷми аз 1000 то 1500 доллари ИМА-ро супоранд.
«А.Сафаров ва И.Ҳасанов охирҳои соли 2016 ва аввалҳои соли 2017 аз волидони аксари донишҷӯёни шуъбаи мазкур, ки 51 нафар мебошанд, маблағҳои калони пулӣ талаб карда гирифтаанд. Волидайни ду нафар донишҷӯ натавонистанд, ки маблағи иловагии талабкардаи онҳоро партохт намоянд. Ин сабаби ба имтиҳонҳои нимсолаи аввали соли хониш роҳ наёфтан ва хориҷ шудани фарзандони онҳо аз Коллеҷ гардидааст»,- афзуд манбаъ ва илова кард, ки дар рафти тадбирҳои гузаронидашуда далелҳои шайъӣ- маблағҳои ба ҳайси пора гирифташуда аз утоқи кории директори Коллеҷ А.Сафаров ёфт ва мусодира гардидаанд.
Нисбат ба айбдоршавандагон бо моддаи 319, қисми 4, бандҳои «б, в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






