Тармафароӣ роҳи Хоруғ-Душанберо боз ба рӯи мусофирон баст
ХОРУҒ, 15.02. 2017. /АМИТ «Ховар»/. Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ВМКБ ҳаракати мошинҳои боркашу мусофирбарро дар роҳи Хоруғ — Душанбе манъ кард. Навбатдори ин ситод Лоиқ Холиқназаров гуфт, ки дар давоми камтар аз як шабонарӯзи боришот ғафсии барф то 30 см ва дар баъзе аз минтақаҳои шарқи ВМКБ то ба 50 см расид. Ин боиси афзоиши миқдори зиёди тармаҳо дар роҳҳои мошингард гардид ва ситоди ҳолатҳои фавқулода бо мақсади ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш аз ронандагон тақозо кард, ки то қатъи боришот аз сафар ба пойтахти кишвар ва ноҳияҳо худдорӣ варзанд.
Иҷрокунандаи вазифаи ситоди мазкур Шуҳрат Шоисматов гуфт, ки як мошини мусофирбар дар деҳаи Ёмҷи ноҳияи Шуғнон зери тарма монд, аммо онро зуд наҷот доданд. Касе дар ин ҳодиса осеб надид. Ҳоло тасмим гирифтем, ки дар баъзе аз деҳоти вилоят дидбонгоҳҳои иловагӣ ташкил намоем, то ҳаракати мошинҳоро назорат кунанд.
Боронгариҳои шадид муҳлати таътили иҷбории муассисаҳои таълимиро дарозтар кард. Мутобиқи фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таътил то 10 феврал муқаррар шуда буд, аммо вазъи ҳаво боз ҳам бадтар шуд ва таҳсил то беҳ шудани ҳаво ба таъхир афтод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






