Ташрифи ҳайати Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ ба Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 23.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 феврал мулоқоти васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар бо ҳайати Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни нишаст масъалаҳои марбут ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, инчунин тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020» муҳокима гардиданд.
Ҳайати мазкур аз намояндагони Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иборат буда, аз 20 то 24 феврали соли 2017 бо мақомоти дахлдори кишвар ба мақсади муҳокимаи роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдидҳои амниятии муосир вохӯриҳо анҷом хоҳад дод.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






