Тавсеаи ҳамкории гумрукӣ миёни Тоҷикистону Покистон
ДУШАНБЕ,15.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистону Покистон ҳамкории гумрукиро тавсеа мебахшанд. Дар ин росто вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар дар бахши фаъолияти гумрукӣ дар Душанбе зимни мулоқоти Абуфатоҳи Ғоиб-Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тариқ Иқбол Сумро -Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҳар ду кишвар дар масъалаи таҳкими фаъолияти гумрукӣ, ки он дар асоси талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии созмонҳои байналмилалӣ, назири Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, Созмони ҷаҳонии гумрук ва Созмони ҷаҳонии савдо ба роҳ монда шудааст таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Ҳамзамон мусоҳибон масъалаҳои транзитӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Абдуфатоҳи Ғоиб зикр намуд, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон дар самти тақвияти ҳамкории гумрукӣ аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода намуда, заминаи густариши муносиботи тиҷоратию иқтисодиро байни ду кишвар фароҳам меорад. Интизор меравад, ки дар оянда лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистону Покистон таҳия гардад.
Дар навбати худ дипломати покистонӣ гуфт, ки зимни фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи судманд, хусусан дар бахши таҳкими ҳамкории гумрукӣ саъй хоҳад кард.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






