«Тоҷик Эйр» пагоҳ парвозҳоро бо хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе ба роҳ мемонад
ДУШАНБЕ, 24.02.2017./АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 25 феврал парвозҳо бо хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе тариқи Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» шурӯъ мешаванд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев иттилоъ дода, зикр кард, ки парвозҳо дар ин самт ба таври мунтазам бо истифодаи чархболи МИ8 ба роҳ монда мешаванд. Ба иттилои Азиз Хайруллоев, ин чархбол ба шароити иқлими кишвар мувофиқ буда, ҷиҳати парвоз ба ҳама гуна самтҳо муддати 24 соат дар як шабонарӯз омода аст. Бо чархболи Ми-8 метавон 22 нафар мусофиронро ба нуқтаи таъйинот расонид, ки шуморааш аз ҳавопаймои АН-28 зиёдтар мебошад.
Котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» сабаби асосии муваққатан манъ гардидани парвозҳои доимӣ дар хатсайри Душанбе-Хоруғро ба гузаронидани корҳои хизматрасонии техникӣ дар ҳавопаймои АН 28 рабт дод.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






