Тоҷикистон-Россия: 25 соли ҳамкорӣ
ДУШАНБЕ, 27.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Муносибатҳои дӯстонаю манфиатбори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз гузаштаи дур сарчашма гирифта, ин робитаҳо дар замони соҳибистиқлолии ду давлат сатҳу сифати беҳтару хубтареро касб намудаанд. Робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Россия дар марҳилаи навин аз 8 апрели соли 1992 роҳандозӣ шудааст, ки он нахустин солҳои соҳибистиқлолии ду давлати ба ҳам дӯсту бародар мебошад.
24 майи соли 1993 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нахустин сафари расмӣ ба пойтахти Федератсияи Россия-шаҳри Москва рафтанд. Дар доираи ин сафар рӯзи 25 май Аҳдномаи дӯстию ҳамкорӣ ва ҳамёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, Аҳдномаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи ҳарбӣ ва ду созишнома дар бораи мақоми ҳуқуқии қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ ва қисмҳои марзбонии Федератсияи Россия дар қаламрави Тоҷикистон ба имзо расид, ки онҳо нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Россия дар марҳилаи нави давлатдорӣ мебошанд. Моҳи апрели соли 1999 ҳангоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия дар шаҳри Москва Аҳднома дар бораи ҳамкорию иттифоқчигии ба асри бисту як нигаронидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба имзо расид.
Имрӯз заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии Тоҷикистону Россияро зиёда аз 260 санад танзим менамоянд, ки дар раванди рушду тавсеаи ҳамгироию шарикии стратегии ду давлат мақоми шоиста доранд.
Таҳлили вазъ ва ҳолати робитаҳо, аз ҷумла натиҷаҳои мулоқоту музокироти сершумори дуҷонибаю бисёрҷонибаи сатҳу зинаҳои гуногун, пеш аз ҳама сатҳи олии сиёсӣ, собит месозанд, ки дар даҳсолаи аввали рушди мустақили Тоҷикистону Россия масоили сиёсӣ, амниятӣ ва ҳарбӣ-техникӣ мақоми марказӣ дошта, баъдан соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноату истеҳсолот, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, илму техника, фарҳангу маориф, муҳоҷират ва ҳамкории байни минтақаву вилоятҳои ҳамдигар низ дар меҳвари муносибатҳои байнидавлатӣ қарор гирифтанд.
Ба рушди муносибатҳои иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Россия моҳи октябри соли 2004 зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Тоҷикистон заминаҳои боэътимод гузошта шуда, 16 октябр дар ҳузури сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин Созишномаҳо дар бораи иштироки Россия дар сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, танзими муҳоҷирати корӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар кишварҳои ҳамдигар ва чанд санади байниҳукуматии ҷанбаҳои ҳарбидошта ба имзо расид ва дар низоми муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Россия марҳилаи нав оғоз гардид.
Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1 дар таърихи 31 июли соли 2009 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва он замон Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев пурарзиштарин самараи санадҳои моҳи октябри соли 2004 имзошуда ва ҳамон вақт бузургтарин лоиҳаи сармоягузории Россия дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор мерафт.
Намунаи олии муштаракоту шарикии бесобиқаю дӯстонаи Тоҷикистону Россия ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи сарҳади давлатӣ ба ҳисоб меравад, ки то соли 2005 сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон аз ҷониби марзбонони Россия муҳофизат мешуд. Тирамоҳи соли 2005 ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон дар масофаи 1344 км аз ҷониби неруҳои марзбонии Россия ба ихтиёри марзбонони тоҷик вогузор карда шуд.
Ба идомаи бобарор ва рушду тавсеаи бештару хубтари муносибатҳои дуҷониба ҳамчунин сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон 29 августи соли 2008 ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия, рӯзҳои 21 – 23 октябри соли 2009 такони тоза бахшида, барои ба даст овардани мувофиқаҳои нав доир ба иштироки ҷониби Россия дар бунёди як силсила марказҳои фарҳангӣ дар пойтахтҳои ҳамдигар, дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намудани филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов, Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Моква ва Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) замина гузоштанд. Дар баробари ин гуфтан ба маврида сат, ки дар Тоҷикистон Донишгоҳи славянии Тоҷикиситону Россия ва шумораи зиёди дигари муассисаҳои таълимию забономӯзии русӣ амал мекунанд, ки дар тақвияти муносибатҳои ду давлат дар соҳаи маориф ва омодасозии кадрҳо нақши муасир доранд. Имрӯз аз Тоҷикистон шумораи зиёди ҷавонон дар макотиби олии Федератсияи Россия таҳсили илм дошта, мутахассиони соҳаҳои гуногун такмили ихтисос менамоянд ва ба бозомӯзию пешбурди корҳои илмӣ машғул мебошанд.
Як намунаи олии ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Россия ин баргузории рӯзҳо ва чорабиниҳои дигари фарҳангӣ дар кишварҳои ҳамдигар мебошад. Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия се маротиба – солҳои 2005-2011-2015 ва Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ се маротиба солҳои 2004-2010-2014 баргузор гардиданд.
Бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба таърихи пурғановат ва фарҳанги асили мардумони тоҷику рус 6 октябри соли 2005 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор шуд, ки дар расми ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин иштирок намуданд. Ба ҳамин монанд, 23 июни соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Маскав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки барои густариши ҳамкории фарҳангӣ дар соҳаҳои мусиқӣ, театр, китобхонаҳо, осорхонаҳо, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шароитҳои муносиб фароҳам оварда шуда, иштироки дуҷониб дар ҷашну чорабиниҳои фарҳангӣ ва фестивалу озмунҳо идома меёбад.
Дар баробари намоиши ҳунару санъати воло ва фарҳанги асили тоҷик дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ҳамчунин 17 августи соли 2006 дар майдони бузурги назди пойгоҳи баҳрии шаҳри Сочии Федератсияи Россия намоишгоҳи бошукӯҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудааст, ки аз он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва Сарони дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дидан карданд.
Моҳи октябри соли 2012 иловатан барои идома ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Россия иқдоми навбатӣ пеш гирифта шуд. Дар ҳошияи сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Тоҷикистон 6 санади наву муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ки онҳо Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ёддошти тафоҳум оид ба иқдомҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират мебошанд.
Бояд таъкид кард, ки дар солҳои баъдӣ робитаҳои мустақими минтақаҳои алоҳидаи Федератсия Россия бо вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон рӯ ба густариш оварда, дар айни замон беш аз 70 субъекти Федератсияи Россия бо минтақаҳои Тоҷикистон бевосита дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ҳамкорӣ доранд.
Тоҷикистону Россияро дар баробари муносибатҳои дӯстонаи стратегӣ, ҳамчунин ҳамбастагию ҳамгироӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла дар чорчӯбаи СММ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ниҳодҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ мепайвандад ва ҳарду давлат дар бештари масоили умдаи ҷаҳони мавқею назари ягона доранд.
Роҳбарияти сатҳи олии ду давлат дар баробари анҷоми сафарҳои расмию давлатӣ, маротибаҳои зиёд ба кишварҳои ҳамдигар бо сафарҳои корӣ ташриф оварда, дар чорабиниҳои сатҳу зинаҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ ва суҳбату мулоқотҳои созанда дар доираи баргузории ин ҳамоишу нишастҳо иштирок намудаанд.
Вохӯриҳои сатҳи олии дуҷониба ҳамчунин дар дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, зимни баргузори чорабиниҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ баргузор шудаанд.
Табодули сафари ҳайатҳои расмии ҳарду давлат, аз ҷумла дар сатҳи роҳбарони парлумонҳо, раиси ҳукумат, муовини якум ва муовинони он, роҳбарияти дастгоҳи иҷроияи президент, вазорату идораҳо, вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, дигар сохтору ниҳодҳои давлатӣ ва ширкату корхонаҳои давлатию саҳомӣ низ тайи солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ хуб ҷараён дошта, то имрӯз дар ҳама сатҳу зинаҳо беҳтару хубтар ба роҳ монда мешаванд.
Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ниҳодҳои муштараку гуногуни танзимкунандаи ҳамкориҳо, аз ҷумла Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ амал мекунад, ки имсол ҷаласаи 14-уми Комиссияи мазкур дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе баргузор шуд ва бо натиҷаҳои умедворкунанда анҷом ёфт.
Дар таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия ҳамчунин ниҳодҳои дипломатии ду давлат дар пойтахти кишварҳои ҳамдигар ва намояндагиву консулгариҳо дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистону Россия нақши муасир доранд.
Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат дар айни замон зиёда аз миллиард доллари америкоиро ташкил дода, ҳар ду ҷониб дар татбиқи пурраи Нақшаи чорабиниҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Россия барои солҳои 2005-2018 саҳми муносиб мегузоранд.
Натиҷаи ин талошҳо дар иштироки ҷониби Россия дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон ва дигар тарҳу лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоии манфиатбор зоҳир мегардаданд.
Тоҷикистону Россия дар баробари пешбурди робитаҳои хуби сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ, ҳамчунин дар ҳалли умдатарин масоили глобалӣ ҳамкории неку созанда доранд. Имрӯз ду кишвари дӯсту бародар дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор дошта, дар раванди пойдории сулҳу оромӣ ва амнияту бехатарии минтақа саҳми арзанда мегузоранд.
Умуман дар ҳар суҳбату вохӯриҳои сатҳу зинаҳои гуногун, ба масъалаи рушду тавсеаи бештару хубтари ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, илму техника, маорифу фарҳанг ва муҳоҷират аҳамияти бештар зоҳир гардида, пояҳои қарордодию ҳуқуқии шарикии стратегии ду давлат таҳким бахшида мешаванд.
Сафари навбатии расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Тоҷикистон, ки дар рӯзҳои таҷлил аз 25 солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат ҷараён мегирад, идомаи талошҳои роҳбарияти сатҳи олии ин кишвари дӯсту бародар барои таҳкиму тавсеаи бештару фарохтари ҳамкориҳои стратегии Тоҷикиситону Россия буда, дар таърихи муносибатҳои байнидавлатӣ саҳифаҳои нав боз хоҳад кард. Зеро ҳар ду давлат муштаракоту умумиятҳои зиёду қавии қавмию забонӣ ва фарҳангӣ дошта, шарики асосии стратегӣ дар минтақа мебошанд ва роҳбарияти сатҳи олии ду ҷониб пайваста барои беҳтар намудани муносибатҳои сатҳу зинаҳои гуногуни ду кишвари мустақил талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд.
Ду мардум ва ду давлат умумиятҳои зиёди фарҳангӣ, манфиатҳои муштараки сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ доранд, ки ки бар пояи принсипҳои эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар асос ёфта, дар замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ дорои аҳамияти бузург ва ҳаётан муҳим мебошанд. Ин муштаракоту умумиятҳои зиёд, ки решаҳои кӯҳани таърихӣ доранд, муҳимияти шарикии стратегии Тоҷикистону Россияро дар худ таҷассум намуда, муносибатҳои ду давлати ба ҳам дӯсту иттифоқро дар тамоми соҳаҳо дар оянда манфиатбахшу самаровар мегардонанд.
Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
доктори илмҳои таърих, профессор.
Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон