МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сабзавотро метавон дар чор фасли сол дар ғизо истифода намуд

Сентябрь 28, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 28.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сабзавот барои ғизои инсон аҳамияти ниҳоят калон дорад. Норасоии он дар ғизо яке аз сабабҳои асосии пастшавии масуният шуда,  организм бо бемориҳои шамолхӯрӣ ва сирояткунанда мубориза бурда наметавонад. Дар таркиби сабзавот витаминҳои барои организм муҳим мавҷуданд. Чунин тавсия медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.

Олимон муайян намудаанд, ки сабзавотро метавон дар чор фасли сол дар ғизои ҳаррӯза- ҳам дар шакли яхкардашуда ва ҳам коркардшуда истифода намуд.

Имрӯзҳо дар мағозаҳои хӯрокворӣ маҳсулоти яккардашуда фаровон аст. Занон метавонанд дар шароити хона ба таври дилхоҳашон сабзавотро захира намоянд. Ях кардани сабзавот барои зимистон дар хона ба шумо имкон медиҳад, ки анбори маҳсулоти тару тоза, солим ва болаззат дошта бошед. АМИТ «Ховар» тарзи захира намудани муҳсулоти сабзавотиро дар шароити хона пешниҳод менамояд.

Қаланфури балғорӣ ва тунд

Тибқи тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, ҳангоми дуруст истеъмол кардани қаланфури булғорӣ иммунитет мустаҳкам гардида, он ба системаи асаб ва узвҳои ҳозима таъсири мусбат мерасонад. Қаланфури булғорӣ манбаи бузурги витаминҳои А ва С, инчунин антиоксидантҳо мебошад. Онро дар ошхонаҳои миллатҳои гуногуни ҷаҳон барои илова кардани мазза ба хӯрокҳо истифода мебаранд. Қаланфурро коркард карда, аз он консерва ва хӯриш омода ва захира менамоянд. Инчунин онро реза карда, дар яхдонҳо ба муддати шаш ё ҳафт моҳ нигоҳ медоранд.

Шалғам

Шалғам ба гурӯҳи сабзавоте дохил мешавад, ки ҳамчун ғизои пурқувват ба организми инсон фоидаовар аст. Он сулфаро рафъ намуда, узвҳои даруни сина ва шикамро мулоим менамояд, рехтани мӯйи сар ва гирифтани вазни зиёдро пешгирӣ менамояд. Мутхассисон тавсия медиҳанд, ки шалғамро дар ҷои хунук ва хушк дар ҳарорати на бештар аз 4 дараҷа гармӣ ва намии аз 90 фоиз зиёд нигоҳ доштан зарур аст. Дар чунин шароит сабзавот тақрибан 10-14 рӯз нигоҳ дошта мешавад, дар яхдон ин муҳлат то 30 рӯз давом менамояд.

Карам

Тибқи тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, витаминҳое, ки дар таркиби  карам  мавҷуданд, фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар ва организмро аз токсинҳо ва холестеринҳои гуногун тоза мекунанд. Карам сабзавотест, ки истеъмоли он барои системаи масуният муҳим мебошад. Карамро низ мисли дигар сабзавот дар ҳарорати мутадил дар яхдонҳо нигоҳ доштан мумкин аст. Аммо назар ба дигар сабзавот он хеле нозук буда, дар ҳарорати паст қобилияти нигоҳдориашро гум мекунад. Аз ин рӯ онро бештар ба таври консерва ва хӯриш омода ва захира менамоянд.

Сабзӣ

Таркиби бехрешаи сабзӣ аз моддаҳои фаъоли ҳаётӣ бой аст. Дар таркиби сабзӣ 88,8 фоиз об, 1,3 фоиз моддаҳои азотӣ, 0,2 фоиз равған ва дигар моддаҳо мавҷуд мебошанд. Дар таркиби сабзӣ витаминҳои В1,В2, В5, В6, Р-40 ва  кислотаҳои органикӣ мавҷуданд. Дар айни замон давраи ҷамъоварии сабзӣ мебошад. Онро дар сардхона ва хандақҳо захира менамоянд. Аз сабзӣ мураббо низ омода менамоянд. Беҳтарин василаи нигоҳдории сабзӣ тару тоза нигоҳ доштани он аст, ки витаминҳои таркибаш вайрон намешаванд.

Помидор

Помидор яке аз сабзавоти серғизо буда, истеъмоли он на танҳо ба ҷисму тан муфиду судманд аст, балки ба руҳия низ таъсири нек дорад. Дар таркиби он витаминҳо, минералҳо ва моддаҳои антиоксидант мавҷуданд, ки ба саломатии инсон таъсири мусбат мерасонанд. Истеъмоли доимии помидор метавонад фишори хунро муътадил кунад. Аз помидор хӯриш омода намуда, захира менамоянд. Имрӯзҳо занон помидорро дар шакли тару тоза дар яхдонҳо низ нигоҳ медоранд. Агар хоҳед, ки таоми омоданамуда таъми помидори тару тоза дошта бошад, аз он қиём омода намуда, дар  қолабҳои махсус дар яхдон нигоҳ доред. Помидорро инчунин хушк ва захира намудан мумкин аст.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 28, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
ТОҶИКИСТОН ВА СҲШ: аз муколамаи сиёсӣ то ҳамкории амалӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Ташаббуси қонунгузорӣ оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши яклухту чаканаи сигаретаҳои электронӣ -қадами муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд