Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Рӯзи кормандони хизмати дипломатиро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 29.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар Вазорати корҳои хориҷӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки имрӯз таҳти роҳбарии дурбинонаи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи тоҷик дар асоси сиёсати «дарҳои боз» ба як абзори муассир дар тақвияти давлатдорӣ, таҳкими мавқеъ ва пешбурди манфиатҳои миллии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Дар ин радиф ҳамасола ноил шудани Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳим ва эътироф гардидани ташаббусҳои он аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ, самаранокии фаъолияти дипломатияи тоҷикро дар миқёси ҷаҳонӣ собит менамояд.
Бахшида ба ин рӯз як қатор кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва муассисаҳои хориҷӣ бо ифтихорномаю сипосномаҳо, медали хизмати шоистаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва мансабу рутбаҳои дипломатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ маросими савгандёдкунии кормандоне, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ қабул шуданд, баргузор гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд
Афзалияти ҷашни бостонии тоҷикон–Меҳргон тавассути воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд






