Тоҷикистон то соли 2020 зиёда аз 1 миллион сайёҳро қабул мекунад
ДУШАНБЕ, 24.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Консепсияи миллии рушди соҳаи сайёҳӣ Тоҷикистон бояд то соли 2020 зиёда аз 1 миллион сайёҳро қабул кунад. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз аз 119 адад ширкатҳои сайёҳӣ 51 ададашон ба туризми содиротӣ машғул буда, боқимонда танҳо ба ҷалб кардани сайёҳон машғул мебошанд.
«Агар дар соли 2013 ширкатҳои сайёҳӣ 90 ададро ташкил медоданд ин шумора дар соли 2017 ба 119 адад расонида шуд. Ҳоло дар Тоҷикистон мавзеъҳои зиёди сайёҳӣ мавҷуд буда, бо сабаби ба таври мушаххас дар бозори сайёҳӣ муаррифӣ нагардидани имкониятҳои ин мавзеъҳо дар хатсайрҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ворид нашудаанд»,- гуфт манбаъ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






