Тоҷикистону Афғонистон маҳбусонро истирдод менамоянд
ДУШАНБЕ, 15.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар оянда маҳбусоне, ки дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистону Афғонистон нигоҳ дошта мешаванд, ба кишварҳояшон истирдод мегарданд. Дар ин росто интизор меравад, ки 16 феврал вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдодро ба тасвиб расонанд. Ҳамзамон вакилони Маҷлиси намояндагон Созишномаи Париж оид ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлимро тасдиқ менамоянд.
Аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки вакилон ҳамзамон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»ро баррасӣ ва қабул хоҳанд кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






