То охири ҳафта дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ боридани борону барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 15.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то охири ҳафтаи равон дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ боридани борони пуршиддат ва барфро пешгӯӣ менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии мазкур хабар доданд, имшаб, 15 феврал дар ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Тавилдара ва Дарвоз борони пуршиддат ва барф пешгӯӣ мешавад .
16 феврал дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат аз эҳтимол дур нест. 17 феврал низ дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ, аз ҷумла шаҳри Душанбе ҳавошиносон боридани борони пуршиддатро пешгӯӣ менамоянд.
Бино ба иттилои Агентӣ, 18 феврал дар ноҳияҳои Данғара, Ҳамадонӣ, Восеъ, Кӯлоб, Фархор, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Тавилдара, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон борони ниҳоят шиддатнок ва барф дар назар дошта шудааст.
19 феврал дар ҳамин ноҳияҳо ва шаҳрҳои Хоруғ, Ишкошим, Шуғнон ва минтақаи Рашт барфи пуршиддат пешгӯӣ мешавад.
Аз 14 то 16 феврал дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Рӯшон-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб эҳтимоли яхбандӣ ва дар минтақаҳои дигар ғарами барф ва хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






