Ҳукумати Россия барои Чемпионати ҷаҳон -2018 боз 19 миллиард рубл ҷудо кард
ДУШАНБЕ, 08.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Россия дар барномаи омодагӣ ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол -2018 тағйирот ворид кард. Дар ин бора «Интерфакс» хабар медиҳад.
Ин тағйирот аз он иборат мебошад, ки ба ҷои 619,6 миллиарди пешбинишуда, боз 19 миллиард илова гардид ва ҳамакнун маблағи умумии он ба 638,8 миллиард рубл баробар шуд. Норасоии ин маблағ аз ҳисоби буҷаи федералӣ пур карда мешавад.
Дар маҷмӯъ маблағгузории минтақаҳо ба Чемпионати ҷаҳон ба 92,2 ва буҷаи федералӣ ба 350,4 миллиард рубл баробар шуд. 196,2 миллиарди дигар бо саҳмгузории шахсони алоҳида ва ҳуқуқӣ амалӣ мешавад.
Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 аз 14 июн то 15 июли соли 2018 дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Россия- Москва, Калининград, Санкт-Петербург, Волгоград, Қазон, Нижний Новгород, Самара, Саранск, Ростови лаби Дон, Сочи ва Екатеринбург гузаронида мешавад.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






