«Ҳувияти миллӣ ва давлати дунявӣ дар мисоли фарҳанг ва маорифи динӣ» — машварат дар Донишгоҳи давлатии Кӯрғонтеппа
ДУШАНБЕ, 21.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи «Ҳувияти миллӣ ва давлати дунявӣ дар мисоли фарҳанг ва маорифи динӣ» машварат баргузор шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Давлат Суфизода, мутахассиси пешбари Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҶВС) иброз дошт, ки «Кумита бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарбияи насли ҷавон дар роҳи худшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатию арзишҳои волои миллӣ, дарки мафҳуми давлати дунявӣ дар мисоли фарҳанг ва маорифи динӣ чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда, ҷамъомадҳои муҳимро вобаста ба ифтихори ҷавонон аз фарҳанг, тамаддун, миллат, давлату давлатдорӣ, садоқат ба Ватан ва роҳ надодан ба фарҳанги бегона баргузор менамояд.








Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст






