Вазорати рушди иқтисод ва савдо: «Мақсади муҳокимаҳои ҷамъиятӣ пешниҳоди иттилоот ба аҳолӣ мебошад»
ДУШАНБЕ, 24.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Шаҳритус, Кубодиён, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Фархор, Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон аз 28 то 7 марти соли равон таҳти ҳамоҳангсозии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд лоиҳаи барномаҳои машваратӣ баргузор намудани муҳокимаҳои ҷамъиятии натиҷаҳои мониторинги татбиқи Барномаи рушди ноҳияҳоро ба нақша гирифтаанд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мақсади асосии баргузории муҳокимаҳои ҷамъиятӣ пешниҳоди иттилоот ба аҳолӣ, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ оид ба раванди мониторинги татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои мазкур аст.
«Аз аввали татбиқи барномаҳои рушди ноҳияҳои таҷрибавӣ аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳои банақшагирифташудаи маблағгузорӣ ба маблағи 220 миллион сомонӣ лоиҳаҳои афзалиятнок татбиқ шудаанд. Лоиҳаҳои татбиқгардида дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, саноат, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, обтаъминкунӣ ва беҳдошт, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии хатари ҳолатҳои фавқулода, беҳдошти замин ва обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт ва роҳ амалӣ гаштаанд»,- хабар дод манбаъ.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






