Вохӯрии Эмин Сангинзода бо коршиносони Созмони Байналмилалии Меҳнат
ДУШАНБЕ, 23.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 феврал дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазир Эмин Сангинзода бо коршиносони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) Николай Стюдер, сармутахассиси Бюрои ТБМ оид ба музди меҳнат дар шаҳри Москва ва Патрик Белсер, роҳбари шуъба оид ба масъалаҳои музди меҳнати Бюрои ТБМ дар Женева доир гардид.
Тавре ки аз вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҷараёни татбиқи «Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2015-2017»-ро баррасӣ намуданд. Коршиносони ТБМ тасмим гирифтанд, ки дар гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои меъёрбандӣ ва музди меҳнат бо истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ба ҷараёни ташаккули сиёсат дар соҳаи мазкур ба шарикони иҷтимоӣ мусоидат намоянд.
Ҳамзамон вохӯрии коршиносони даъватшуда бо шарикони иҷтимоӣ, роҳбарони Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» ва Хадамоти назорати давлатии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вазорат дар назар аст.
Дар ин робита дар доираи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2015-2017 ҷиҳати тақвият бахшидан ва баланд бардоштани неруи шарикони сетарафа оид ба ислоҳоти сиёсат ва низоми музди меҳнат тавассути муколамаи иҷтимоӣ ва оид ба баррасии натиҷаҳои татбиқи Косепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳи маърўзаи ҳаматарафаи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат «Музди меҳнат дар мамлакатҳои олам дар солҳои 2016 2017» 24 феврали соли 2017 бо иштироки вазорату идораҳо ва шарикони иҷтимоӣ ҷамъомад пешбинӣ гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






