Зарари телефони мобилӣ: афсонаи олимон ё ҳақиқат?

Февраль 9, 2017 11:51

ДУШАНБЕ, 09.02.2017. /АМИТ «Ховар»/.   Ҳаёти имрӯзаи одамонро бе   истифодаи телефони мобилӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.  Телефонҳои муосир вазифаи МР3-плеер, компютер, дастгоҳи аккосӣ, камераи сабт ва ғайраро иҷро намуда,  мушкилоти одамонро осон мегардонанд. Коргарон, донишҷӯён, мактаббачагон ва ҳатто пиронсолону кӯдакон  имрӯз аз телефони мобилӣ васеъ истифода бурда,  баъзеҳо бо худ  ду ва зиёда телефони ҳамроҳ  доранд.  Вале истифодаи аз меъёр зиёди телефони мобилӣ ба саломатии инсон зарар дорад.

Хабарнигори АМИТ»Ховар» ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, хулосаи коршиносонро дар ин маврид пешниҳод менамояд.

Истифодаи зиёди телефони мобилӣ шахсро ба заъфи асаб гирифтор менамояд

vred-mobilnogo-telefonaМузаффар Наҷмиддинов, мудири шуъбаи бемориҳои асаб ва фалаҷи мағзи сар дар  Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» зикр кард,  ки истифодаи  аз меъёр зиёди  телефони мобилӣ шахсро ба заъфи асаб гирифтор намуда, мавҷҳои нурҳои электромагнитии он  ба шахс оҳиста-оҳиста таъсири  худро мерасонанд.

«Яке аз оризаҳои заъфи асаб- ин  фишорбаландӣ мебошад, ки  дар натиҷа гардиши хун вайрон ва рагҳои майнаи сар тағйир меёбанд. Солҳои  охир нафароне, ки  аз омоси майнаи сар азият мекашанд,  зиёд шудаанд. Агар 10 сол пеш 50-70 нафар дар 1 сол бо бемории  омоси майнаи сар ба духтурон  муроҷиат мекарданд, солҳои охир теъдоди чунин беморон ба 200-300 нафар расидааст. Ин танҳо шумораи нафаронест, ки дар дохили кишвар муолиҷа меёбанд, ҳол он ки боз ҳастанд бемороне, ки дар хориҷа табобат  мегиранд»,-илова намуд Музаффар Наҷмиддинов.

Бино ба тадқиқоти як нафар  мутахассиси соҳаи магнитобиология Роҷер Когхилл, ҳангоми суҳбати беш аз 25 дақиқа тариқи телефони мобилӣ дар як рӯз инсон  ба дарди сар гирифтор шуда,  хастагӣ ва  камҳаракатиро эҳсос мекунад. Дар чунин маврид шумораи унсурҳои сафед дар таркиби  хун кам мешавад.

Музаффар Наҷмиддинов ҳамчунин таъкид намуд, ки имрӯз телефони мобилӣ як ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти  инсон гашта, бисёр нафарон бе он зиндагии худро тасаввур карда наметавонанд, ки ин хеле таассуфовар аст.

Зарарҳои дигари телефони мобилӣ

mobil-nik_1«Дар баробари осон гардонидани кори мо,  пешравии техника  ба инсон  зарар низ мерасонад.  Зарари дигари телефон — ин истифодаи гӯшмонакҳо  мебошад. Ҳангоми зиёд  ва баланд гӯш кардани мусиқӣ бо гӯшмонакҳо, он ба паст шудани шунавоӣ оварда мерасонад. Агар  миқдори детсибеллаҳое, ки пардаи гӯши одам қабул карда метавонад, аз меъёр баландтар шавад,  шахс 30-40 % кар мешавад»,-афзуд мусоҳиб.

«Имрӯз  кӯдакони хурдсол  ва мактаббачагон низ аз  телефони мобилӣ истифода мебаранд. Онҳо телефонро на танҳо чун воситаи гуфтугӯ,  балки бештар барои бозӣ   истифода  мебаранд», — гуфт  Музаффар Наҷмиддинов  ва илова намуд, ки  чунин истифодаи телефони мобилӣ ба хирашавии чашм оварда мерасонад.

Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки хирашавии чашм аслан нишонаи пиронсолист, лекин синни хирашавии чашм имрӯз  поён рафтааст. Имрӯз қариб шумораи  зиёди ҷавонон аз  хирашавии чашм шикоят мекунанд. Ҳангоми зиёд ва аз наздик нигоҳ кардан ба экрани телефон он нури чашмро хира мекунад.

Олимони Аврупо кашф намуданд, ки организми кӯдак ҳангоми истифодаи телефони мобилӣ бештар аз калонсолон зарар мебинад. Кӯдак зуд хаста шуда, рӯҳияаш ноустувор мегардад, дар натиҷа зуд асабонӣ ва бадмуомила мешавад. Ҳангоми зиёд гап задан бо телефон  табъи инсон низ  хира мешавад.

Сабаби таъсирҳои манфӣ дар чист?

8689Асоси сохтори  алоқа аз истгоҳҳои пойгоҳӣ ва телефонҳои мобилӣ иборат мебошад. Истгоҳ бо телефонҳо алоқаро пайваст карда, дар натиҷа афканишоти электромагнитӣ ба вуҷуд меояд. Таъсири радиатсионӣ ба заҳролудшавӣ меорад.

Заҳролудшавӣ ба дарди сар, чархзании сар, хасташавӣ, паст шудани фаъолнокӣ, хотира ва зеҳн оварда мерасонад. Олимон исбот карданд, ки ҳангоми аз 10 то 60 дақиқа суҳбат кардан тариқи телефон организми шахс бояд барои барқароршавӣ 8-14 соат истироҳат кунад. Таъсири овоз ва ларзиш (вибрация) ҳангоми истифодаи телефон ба танг шудани рагҳои гӯш ва рӯю сар меоварад.

Олимон инчунин кашф намуданд ки пас аз суҳбат бо телефон шахс камтаваҷҷуҳ гашта, фикрҳояш парешон мешаванд.

Дарди сар: сабаб- телефони мобилӣ

Мадина Саидова,  донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфт, ки 10 сол мешавад, ки телефони мобилиро истифода мебарад ва   вақтҳои охир аҳамият додааст, ки пас аз гап задан бо телефон сараш дард мекунад.

«Пештар ба ин аҳамият намедодам, вале моҳҳои охир дарди сарам зиёд гаштаасту боз пас аз суҳбат бо телефон  дилам беҳузур мешавад. Ҳангоми истифодаи зиёди интернет дар телефон  чашмонам дард карда, ҳарфҳо дар назарам мавҷ мезананд»,-  гуфт Мадина дар идомаи суҳбат.

Бино ба таҳлилҳои олимон, афканишоти гармии телефон майнаи сарро тасфонида, дар натиҷа шахс сардард ва  дилаш беҳузур мешавад.

Назаре ба таърих…

Соли 1876 Александр Белл, шаҳрванди Амрико аввалин маротиба телефонро кашф намуд. Сарравал он дастгоҳи калон буда, алоқааш он қадар хуб набуд. Вале инсоният бо ин кашфиёт қонеъ нагашта,  телефонро сол то сол такмил дод.  3 апрели соли 1973 Мартин Купер аввалин бор тариқи телефони мобилӣ занг зад, ки он асбоби калонҳаҷми 1,5 килограмма буда, 12 тугмача  дошт ва танҳо 35 дақиқа кор мекард.  Имрӯз телефонҳои мобилӣ ҳаматарафа такмил ёфта, рӯз то рӯз таҷдид мегарданд.

Тавсияи мутахассисони соҳаи тиб

son_s_mobilnikomМузаффар Наҷмиддинов, мудири шуъбаи бемориҳои асаб ва фалаҷи мағзи сар дар  Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» баён дошт, ки ҳарчанд дар Тоҷикистон барои аниқ кардани зарари телефон тадқиқоти махсус гузаронида  нашуда бошад ҳам, чунин кашфиёт дар хориҷи кишвар зиёд ба назар мерасанд. Аз ҳамин сабаб солҳои охир олимони физик, духтурони Аврупо ва Амрико зарари телефонро исбот намуда,  бонги хатар мезананд.

Мавсуф ҳамчунин таъкид дошт, ки  истифодаи ҳар як техника қонуну қоида ва меъёри муайян дорад. Бе зарурат набояд аз  телефон  истифода  кард. Истифодаи ками телефон   ба  фоидаи саломатии инсон аст. Духтурон тавсия медиҳанд, ки  ҳангоми хоб рафтан набояд телефони мобилиро назди худ гузошт. Он бояд 2 метр дуртар,  беҳтараш берун аз утоқи хоб бошад.                   Занҳои ҳомиладор ва кӯдакони хурдсол бояд аз суҳбат тариқи телефон худдорӣ намуда, онро  набояд тӯлонӣ дар кисаи назди сина ва  миёнбанд  нигоҳ доранд.  Ҳангоми  харид  бояд ба мавҷудияти сертификати мутобиқати ин ё он навъи телефони мобилӣ ва ба бузургии сатҳи тавоноии афканишоти электромагнитӣ (SAR) диққат дод.  Дар хона ва ё корхона беҳтараш аз телефони одии симдор истифода бояд бурд.

Табибони Амрико ба хулосае омадаанд, ки  ҳангоми гуфтугӯ агар асбобро бо се ангушт ва аз қисми поёнияш дошта суҳбат кунем, зарар камтар мерасад. Зеро  агар телефонро бо кафи даст дорем, тавоноии асбоб тақрибан 70 дар сад меафзояд ва шуоъафкании он низ зиёд мешавад.

Чаро  телефонҳои мобилӣ метарканд?

blow-2Бино ба маълумоти ВАО ҳолатҳое, ки телефонҳои мобилӣ дар киса, даст ва ё сумка  таркида, дар натиҷа истифодабарандагон бо дараҷаҳои гуногун сӯхтаанд, хеле зиёд ба қайд гирифта шудаанд.

Соли 2016 ба ширкати «Samsung», итеҳсолкунандаи  смартфонҳо  шикоятҳои зиёд дар хусуси оташ гирифтани  телефонҳо  ворид гашта буд. Ширкати мазкур маҷбур гардид, истеҳсол ва фурӯши смартфонҳои тамғаи «Galaxy Note 7»-ро манъ намояд   Вале ин ҳодисаи ягона нест. Солҳои охир ҳодисаҳои оташ гирифтани телефонҳои мобилӣ хеле зиёд ба қайд гирифта шудаанд. Дар натиҷа ҳам истифодабарандагони телефон ва ҳам хонаву ашёи хонаи онҳо зарар дида буданд.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи кишвар, дар соли 2016  дар ҷумҳурӣ шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 8 миллиону 681 ҳазору 92 нафарро ташкил дод, ки  аз ин шумора 4 миллиону 416 ҳазору 578 нафар муштариёни фаъол мебошанд. Шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони  Интернети мобилӣ ва маҳаллӣ 2 миллиону 632 ҳазору  230 нафарро ташкил медиҳад.

Лайло ТОҲИРӢ

Февраль 9, 2017 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад